Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба масҷид дар Афғонистон 13 намозгузор кушта шуд


Кундуз, 19 май
Кундуз, 19 май

Шоми 19-уми май афроди мусаллаҳ ба ду масҷид дар Афғонистон ҳамла карда, 13 намозгузорро куштанд.

Мақомоти амниятӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар як ҳамла ба масҷиде дар вилояти марказии Парвон дастикам 10 нафар кушта ва 16 кас захмӣ шуданд.

Генерал Алозай Аҳмадӣ, фармондеҳи нирӯҳои амниятии Парвон, гуфт, ҳодиса дар маркази вилоят, шаҳри Чоркӯҳ, рух дод. Ба қавли ӯ, таҳқиқ шуруъ шудааст.

Воҳида Шоҳкор, сухангӯи волии Парвон мегӯяд, мусаллаҳони ношинос ба сӯи афроде, ки дар соатҳои ифтор дар дохили масҷид намоз мехонданд, оташ кушоданд.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон масъулияти ҳамларо ба дӯши Толибон бор кард. Толибон ин иттоҳомро рад намуда, гуфтанд, ки нирӯҳои амниятӣ бояд масъулият дошта бошанд.

Дар ҳамлаи дигари ба ин монанд шоми 19-уми май дар вилояти Хост се нафари дигар кушта шуд. СММ аз афзоиши хушунат ва қурбониҳо дар миёни афроди мулкии Афғонистон ҳушдор додааст.

Яке аз мудҳиштарин ҳамлаҳои ахир ба зоишгоҳе дар Кобул аст, ки ҳафтаи гузашта иттифоқ афтод ва 24 нафар, аз ҷумла тифлонро кушта ба ҷо гузошт.

Амрико фиристодаи худ Залмай Халилзодро барои суръат бахшидани ҷараёни музокироти миёни Толибон ва ҳукумати Кобул ба минтақа фиристод.

XS
SM
MD
LG