Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ассамблеяи СҶТ аз гузаронидани тафтишот дар робита ба коронавирус ҷонибдорӣ кард


Тедрос Гебрейеус, мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт
Тедрос Гебрейеус, мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт

Дар Конфронси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар сатҳи вазирони тандурустӣ қатъномае қабул шуд, ки дар он ба зарурати таҳқиқи мушикофонаи тадбирҳои андешидаи кишварҳо дар посух ба ҳамагиршавии коронавирус даъват мешавад.

Лоиҳаи қатъномаро Иттиҳоди Аврупо бо дастгирии беш аз 100 кишвар, аз ҷумла Чину Русия пешниҳод карда буд. Он бидуни раъйгирии расмӣ қабул шуда, ягон кишвар, бахусус ИМА эътироз баён накард.

Дар санад даъват шудааст, ки ба вокунишҳои байналмилалӣ ба паҳн шудани коронавирус баҳои беғараз, ҳамаҷониба ва мустақил дода шавад. Вале ба таҳқиқи пайдоиши вирус даъват нашуда, ҳамчунин аз Чин ба унвони кишваре ном гирифта нашудааст, ки вируси навро дар он бори нахуст ошкор кардаанд.

Ҷаласаи СҶТ дар шакли видеоӣ ду рӯз баргузор шуд.

Яке аз интиқодгарони фаъолияти СҶТ дар робита ба коронавирус президенти ИМА Доналд Трамп аст. Дар Вашингтон бар ин назаранд, ки Пекин миқёси воқеӣ ва рушди ваборо пинҳон кардааст. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, роҳбарияти СҶТ бидуни санаду далел ба омори Пекин эътимод карда ва натавонистааст, ки хатари воқеии вируси коронаро баҳо диҳад. Дар натиҷа танҳо миёнаҳои моҳи март, дар ҳоле ки уфуни вируси корона боиси марги ҳазор кас шуд, онро вабои ҳамагир унвон карданд.

XS
SM
MD
LG