Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши мақомоти Узбекистон ба суханҳои намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия


Изҳори назари Мария Захарова дар Узбекистон нигарониҳоро ба миён овардааст
Изҳори назари Мария Захарова дар Узбекистон нигарониҳоро ба миён овардааст

Вазорати умури хориҷии Узбекистон дар робита ба баҳсҳо атрофи лоиҳаи қонуни коргузорӣ дар корхонаҳои ин кишвар бо забони давлатӣ (узбекӣ) изҳорот нашр кард.

Мария Захарова, намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 14-уми май дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ҷонибдорони лоиҳаи қонуни ҷорӣ кардани коргузорӣ ба забони узбекӣ дар Узбекистон "ақалиятҳоянд".

"Масоили марбут ба танзими бахши забони давлатӣ як ҷузъи истисноии сиёсати дохилии давлатӣ буда, дахолат ба он ғайриқобили қабул аст", - омадааст дар изҳороти ВУХ Узбекистон. Вале дар изҳороти ВУХ Узбекистон номи Захарова оварда нашудааст.

Ба гуфтаи вазорат, кор дар ниҳодҳои давлатии Узбекистон бар асоси банди 9-и қонуни забони давлатии ин кишвар, ки соли 1995 қабул шудааст, бо забони давлатӣ пеш бурда мешавад.

Пештар низ раиси Маркази "стратегияи рушд"-и Узбекистон Элдор Туляков шарҳи намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия дар бораи лоиҳаи қонуни коргузорӣ бо забони давлатӣ (узбекӣ) дар кишварашро дахолат ба умури дохилӣ номида буд.

XS
SM
MD
LG