Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Доғистон мубориза бо COVID-19-ро бо фоҷиа шабеҳ кард


Владимир Путин рӯзи 18-уми май ҳангоми видео-конфронс бо роҳбарияти Доғистон
Владимир Путин рӯзи 18-уми май ҳангоми видео-конфронс бо роҳбарияти Доғистон

Владимир Путин, президенти Русия вазъ дар минтақаи Доғистони ин кишварро "вазнин" унвон кард. Ин дар ҳолест, ки пештар аз ин муфтии Доғистон мубориза бо COVID-19-ро дар Доғистон бо мубориза зидди фоҷиа баробар карда буд.

Путин дар як ҷаласаи видеоӣ бо мақомоти Доғистон рӯзи 18-уми май гуфт, ки вазъи паҳншавии вируси корона дар Русия ҳамоно хатарнок аст ва дар Доғистон вазъият душвортар мешавад.

Ба бовари Путин, сабаби асосӣ он аст, ки сокинони Доғистон "ба худтабобат машғул шуда, ба табибон дер муроҷиат мекунанд".

Бино ба иттилои расмӣ, то рӯзи 18-уми май дар Доғистон, ки 3 миллион сокин дорад, бештар аз 3400 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Аз ин шумор 29 кас фавтидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки бисёре аз нозирон ва бархе аз мақомдорони Русия ба омори расмӣ бо шубҳа нигоҳ мекунанд.

Аҳмад Абдуллоев, муфтии Доғистон ҳангоми ҷаласаи видеоӣ дар муроҷиат ба Владимир Путин гуфт: "Миқёси фоҷеа моро водор кард, ки барои дарёфти кӯмак ба шумо муроҷиат кунем". "Хоҳиш мекунем, ба Доғистон таваҷҷуҳ намоед", - гуфт Абдуллоев. Путин аз сокинони минтақаҳои мусалмоннишини Русия даъват кард, ки аз фатвои роҳбарони исломӣ пайравӣ ва иди Рамазонро дар хонаҳояшон таҷлил кунанд.

XS
SM
MD
LG