Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон тадбирҳои зидди COVID-19-ро ҷорӣ мекунад


Конфронси вазорати хориҷаи Туркманистон дар мавзӯи вазъи беҳдоштӣ дар ҷаҳон. 8 маи соли 2020
Конфронси вазорати хориҷаи Туркманистон дар мавзӯи вазъи беҳдоштӣ дар ҷаҳон. 8 маи соли 2020


Мақомот дар Туркманистон, ки то ҳол ҳеҷ як ҳодисаи олудагӣ ба коронавирусро ба қайд нагирифтаанд, тадбирҳои ҷилавгирикунанда аз паҳншавии COVID-19-ро дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ҷорӣ мекунанд.

Матбуоти давлатӣ рӯзи 15 май гуфт, ки президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нақшаи ҳукумат дар заминаи “Омодагии Туркманистон барои муқовимат бо пандемия ва роҳҳои босуръати вокуниш ба он”-ро тасдиқ кард.
Дар як иқдоми бесобиқа Бердимуҳаммадов нақшаи маҳдудиятҳо барои таҷаммӯъҳои ҷамъиятӣ ва манъи шиноварӣ дар баҳри Хазар, аз ҷумла, осоишгоҳи Овоза дар наздикиҳои шаҳри Туркманбоширо имзо кард. Маълум нест, ки бо чӣ сабаб маҳдудиятҳо танҳо ҳоло ҷорӣ шуданд. То 30 апрел Туркманистон ва Тоҷикистон ду кишваре дар минтақа буданд, ки вуҷуди коронавирусро расман эътироф намекарданд ва Душанбе дар остонаи сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ маҷбур шуд роҳ ёфтани вирусро ба кишвар расман эълон кунад. Таъхир ва пинҳонкории мақомот, ки боиси паҳншавии бештари вирус дар ҷомеа шуд, мавриди интиқоди шадид аз ҳукумат гардид.
Дар нисбати Туркманистон ҳам коршиносон ба иддаои мақомоти ин кишвар шубҳа доранд. Ҳайати СҶТ, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, умедвор аст, ки барояш иҷозаи боздид аз Туркманистон фароҳам мешавад. Ахиран вазири хориҷа Рашид Мередов гуфт, ки кишвари ӯ ба қабули ҳайати коршиносони СҶТ омода аст.

Дар саросари ҷаҳон шумори афроди бар асари коронавирус фавтида беш аз 315 ҳазор нафарро ташкил дод ва 4,7 миллион нафар ҳамчун шахси олудашуда ба ин вирус ба қайд гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG