Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мусофирон дар Узбекистон санади гирифтор набудан ба COVID-19 талаб мекунанд


Ширкати UzAirways сар аз рӯзи 18-уми май парвозҳои дохилиро аз сар мегирад. Аммо ба ҳавопаймоҳо танҳо мусофироне роҳ дода мешаванд, ки санади гирифтор набудан ба COVID-19-ро доранд.

Дар ин бора аз маркази матбуотии ширкати ҳавопаймоии мазкур хабар доданд.

Ширкат ҳамзамон хабар додааст, ки санад бояд аз Маркази назорати беҳдоштиву эпидемиологии Узбекистон дастрас карда шавад.

Аз мусофирон ҳамчунин талаб карда мешавад, ки ҳангоми ворид шудан ба ҳавопаймо ниқоб ва дастпӯш дошта, фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Ширкати "Роҳҳои оҳани Узбекистон" ҳам айни ҳамин талабҳоро аз мусофирон кардааст. Гардиши қаторҳои дохилӣ низ аз рӯзи 18-уми май дар Узбекистон аз сар гирифта мешаванд.

Ҳаракати нақлиёт дар самтҳои байналхалқӣ дар Узбекистон аз 16-уми март ва дар самтҳои дохилӣ аз 27-уми март қатъ шуда буд.

Бино ба иттилои охирин, дар Узбекистон 2 746 ҳолати гирифторӣ ва 12 ҳолати марг аз вируси корона сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG