Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, як кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, беш аз 1400 зиндониро афв кардааст. Расонаҳои давлатии Туркманистон гуфтанд, беш аз дусад маҳбуси афвшуда хориҷӣ ҳастанд. Раҳоии зиндониён аз рӯзи сешанбеи оянда оғоз хоҳад шуд. Аммо мақомоти Туркманистон нагуфтаанд, ки рӯйхати маҳбусони шомили афв ба чӣ асос тартиб шуда, онҳо бо чӣ гуноҳҳо зиндонӣ ҳастанд.