Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Эрон шаҳрванди Фаронсаро ба 6 соли зиндон маҳкум кард


Фиребо Одилхоҳ мазҳаби шиаро таҳқиқ мекунад.
Фиребо Одилхоҳ мазҳаби шиаро таҳқиқ мекунад.

Додгоҳе дар Эрон Фиребо Одилхоҳ як пажуҳишгареро, ки шаҳрвандии Фаронсаро ҳам дорад бо иттиҳоми иқдомот ба зидди амнияти миллӣ ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора вакили дифои ӯ рӯзи 16-уми май хабар дода ва ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, ки аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят мебарад. Фиребо Одилхоҳро қаблан ба ҷосусӣ муттаҳам мекарданд, вале моҳи январ ин иттиҳомро бардоштанду бо иттиҳомоти дигари амниятӣ дар боздоштгоҳ нигаҳ доштанд.

Фиребо Одилхоҳ, дар Донишгоҳи По дар Париж кор мекунад ва муҳаққиқи мазҳаби шиа аст. Ӯро соли 2019 бо ҳамкораш Роланд Маршал дастгир карданд. Ӯро ба “тарғибот ба зидди низом” ва “ҳамдастӣ барои иқдом ба зидди амнияти миллӣ” муттаҳам кардаанд. Эрон, ки душаҳрвандиро намепазирад, тақозоҳои Фаронса барои раҳо кардани ҳарду пажуҳишгарро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG