Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори фавтидаҳо аз COVID-19 дар Қазоқистон ба 34 расид


Мақомоти Қазоқистон рӯзи 15 май хабар доданд, ки аз вируси нави корона дар ин кишвар 2 каси дигар вафот кардааст.

Ба иттилои Ситоди фаврии комисияи давлатӣ, ахиран як зани соли таваллудаш 1958 ва як марди соли таваллудаш 1977 фавтидаанд. Ба иттилои ситод, фавти ин ду нафар 13 май сабт шудааст.

Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон мегӯяд, ба ин тартиб шумори умумии фавтидагон аз вируси нави куруно дар он кишвар ба 34 расид.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, 14 май 118 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст. Дар маҷмуъ дар Қазоқистон 5689 ҳолати мубталошавӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор 1173 ҳолат ба шаҳри Нурсултон ва 1689 ҳолат ба шаҳри Алмато рост меояд.

XS
SM
MD
LG