Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди эътирози табибон дар Чеченистон сардухтури беморхона барканор шуд


Безараргардонии кӯчаҳои Грозний дар Чеченистон
Безараргардонии кӯчаҳои Грозний дар Чеченистон

Дар Чеченистон дар паи эътирози кормандони тиб сардухтури беморхонаи ноҳиявии шаҳри Гудермес, ки барои муолиҷаи олудашудаҳо ба коронавирус мутобиқ карда шудааст, аз кор барканор гардид. Рӯзе аз ин пеш духтурону ҳамшираҳо дар даромадгоҳи беморхона як эътирози худҷӯше ташкил ва талаб карданд, ки онҳоро бо васоили ҳифозатӣ таъмин кунанд. Навори ин видео дар шабакаҳо паҳн шуд. Вебсайти Кавказ.Реалии. инчунин гуфт, ки ходимони тиб аз набуди ғизо дар ҷараёни кор шикоят карданд. Сардухтур ҳама иттиҳомотро рад, вале баъди сафари ҳайате ба раҳбарии раиси маҷлиси Чеченистон Магомед Даудов, аризаи истеъфояшро имзо карда аз кор рафт. "Новая газета" мегӯяд, ки дар миёни кормандони тиб инчунин афроди олудашуда ҳам ҳастанд ва бархе табибон аз кӯмак ба гирифторони COVID-19 ҳарос доранд. Рӯзи 11 май сардори шӯъбаи тарвматологияи бемористони марказии Гудермес Ҳамзат Алиев даргузашт, вале расман гуфта нашуд, ки оё сабаби маргаш коронавирус аст ё на. Дар вазорати беҳдошти Чеченистон гуфтанд, ки ҳодиса дар паи як нофаҳмӣ рух додааст ва ваъда доданд, ки табибонро бо ҳама чизи зарурӣ таъмин хоҳанд кард. Ба мақоми сардухтури беморхона собиқ вазири беҳдошт Мӯсо Аҳмадов таъин шуд, ки дар гузашта ҳам дар мақоми сардухтури беморхонаи Гудермес кор кардааст. Дар Чеченистон бар асоси омори расмӣ 891 нафар олуда ва 9 нафар қурбонии коронавирус маҳсуб мешаванд.

XS
SM
MD
LG