Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муассиси озмоишгоҳи Касперский: дар давраи пандемия ҷиноятҳои интернетӣ афзоиш ёфтааст


Евгений Касперский для ҳамоиши сулҳи Париж. Ноябри соли 2029
Евгений Касперский для ҳамоиши сулҳи Париж. Ноябри соли 2029

Соҳибкори бонуфузи риштаи амнияти интернетӣ ва раҳбари кулли озмоишгоҳи Касперский дар Маскав гуфт, ки дар замони пандемияи сартосарӣ дар ҷаҳон ҷиноятҳои интернетӣ афзоиш ёфта аксари кулли ҷинояткорҳои интернетӣ русзабон ҳастанд. Евгений Касперский рӯзи 14 май дар сӯҳбат бо ТАСС гуфт, карантин “ҷинояткорҳои интернетиро маҷбур кард, ки бо девонагии бештар дар паи шикори тӯъмаи худ шаванд”. Касперский гуфт, ки ҳамарӯза чанд миллион файлро бо гумони ин ки дар паи тахрибкориҳои интернетӣ ҳастанд, ошкор мекунанд. Касперский гуфт, ки инчунин ҳамарӯза тахминан 300 ҳазор навъҳои то ҳол ноошно ё нави вирусҳоро шиносоӣ мекунанд ва ҳар яки ин намунаҳо, ба гуфтааш, садҳо бори дигар метавонад ба кор бурда шавад. Ӯ гуфт, хонашинии мардум дар карантин замони истифодаи онҳо аз хадамоти интернетии мисли харидҳои фосилавиро бештар кард. Касперский гуфт, бо ин ки русҳову бархе дигар сокинони собиқ Шӯравӣ ба ҳайси барномасозони “беҳтарин дар ҷаҳон” омӯзиш гирифтаанд, баробар бо ин, паҳлӯи манфиаш ин аст, ки рахнагарони пешрафта ҳам аз миёни русзабонҳо бештар ба мушоҳида мерасанд.

XS
SM
MD
LG