Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар посух ба саркӯби уйғурҳо сенати ИМА тарҳи қонуни таҳримҳо алайҳи Чинро қабул кард


Моҳи майи соли 2019. Ду зани уйғур ба бозори воқеъ дар шаҳри Ҳотани вилояти Шинҷон ворид мешаванд
Моҳи майи соли 2019. Ду зани уйғур ба бозори воқеъ дар шаҳри Ҳотани вилояти Шинҷон ворид мешаванд

Дар пасманзари бадтар шудани робитаҳои Вашингтону Пекин дар ин охирҳо, Сенати ИМА тарҳи қонунеро қабул кард, ки аз президенти ИМА Доналд Трамп тақозо мекунад, нисбати Чин барои саркӯби уйғурҳои мусалмон таҳрим ҷорӣ кунад. Тарҳи қонуне, ки онро намояндаҳои ҳарду ҳизби сиёсӣ ҷонибдорӣ карданд, дар посух ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Чин таҳрими бархе мақомҳои баландпояи давлатӣ ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои содироти молу маҳсулоти чинӣ пешбинӣ мекунад. Қадами баъдӣ маҷлиси намояндагони Конгресс аст, ки баъди тасвиби қонун дар ин ниҳод президент Доналд Трамп бояд қонунро имзо кунад. СММ ва дигар гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар Чинро дар он муттаҳам карданд, ки ҳудудан як миллион уйғурҳои мусалмонро дар вилояти ғарбии Шинҷон дар урдугоҳҳои консентратсионӣ ҷой додааст. Чин ин иттиҳомро рад карда мегӯяд, ки ин мардум бо хости худ дар қароргоҳҳои бозтарбия нигаҳдорӣ мешаванд. Чин таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳама гуна иқдом дар робита бо уйғурҳо аз ҷониби ИМА интиқом мегирад ва гуфтааст, ки ин кори дохилии Чин аст. Тарҳи қонуни таҳримҳо нисбати Чин дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Трамп ва ҷумҳурихоҳҳои дигари муттафиқаш дар андешаи посух додан ба Чин дар заминаи паҳншавии коронавируси нав мебошанд. Трам рӯзи 14 май гуфт, ки пандемия зарурати дар қаламрави ИМА роҳандозӣ шудани истеҳсолот ва аз вобастагии Чин дур шуданро ба намоиш гузошт.

XS
SM
MD
LG