Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистониҳои гирифтори мушкил дар Русия кӯмаки моддӣ дарёфт мекунанд


Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав
Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав

Ба муҳоҷирони узбекистоние, ки дар Русия қарор доранд, сар аз 14-уми май кӯмаки молӣ расонида мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, кӯмаки якдафъаинаи молӣ тавассути сафорат ва консулгарии Узбекистон дар шаҳри Маскав расонида мешавад.

Ин кӯмакҳо на аз буҷаи давлат, балки аз суратҳисоби хайрияи сафорат пардохт мешаванд. Шаҳрвандони зерини Узбекистон ҳаққи дарёфти кӯмак доранд:

- Афроди маъюб;
- Заноне, ки кӯдакони то ду сола дар тарбият доранд ва ё ҳомила ҳастанд;
- Касоне, ки мубталои COVID-19 шудаанд;
- Донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.

Барои дарёфти кӯмак бояд тавассути сомонаи "Меҳр" дархост фиристод. Сомонаи мазкур аз сӯи сафорати Узбекистон дар Русия таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG