Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел гуфт, эҳтимол аст, зидди Русия барои ҳамлаи ҳакерӣ чора андешанд


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи чоршанбе гуфт, эҳтимол аст, зидди Русия барои ҳамлаи ҳакерӣ ба сомонаи Бундестаг дар соли 2015 чора андешида шавад.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар Бундестаг афзуд, ки додситонии Олмон дар бораи даст доштани Русия дар ин ҳамла далелҳои кофӣ дар ихтиёр дорад. Ба гуфтаи садри аъзами Олмон, Берлин ҳақ дорад, ки дар посух ба амали Русия чорае биандешад. Меркел изҳор дошт, ки ҷонибдори беҳбуди робитаҳо бо Русия аст, вале амалкарди Маскав барои расидан ба ин ҳадаф монеаи ҷиддӣ аст.

Вай ҳамчунин куштори фармондеҳи пешини Чеченистон Зелимхон Хангошвилиро дар пойтахти Олмон дар моҳи августи соли гузашта ёдовар шуд. Берлин Маскавро расман ба он айбдор кард, ки дар таҳқиқи куштори мазкур ба андозаи кофӣ ҳамкорӣ накард, дар ҳоле ки бо гумони даст доштан дар куштор шаҳрванди Русия боздошт шуда буд. Бар асоси таҳқиқоти Bellingcat, гумонбар бо хадамоти махсуси Русия робита дорад. Дар натиҷа Олмон ду дипломати русро ихроҷ кард.

Пулиси Олмон дар ҳамлаи ҳакерии соли 2015 шаҳрванди Русия Дмитрий Бадинро айбдор мекунад. Бюрои федеролии Амрико низ ӯро бо гумони анҷоми ҳамлаи ҳакерӣ зидди ИМА дар давраи маъракаҳои интихоботии соли 2016 ҷустуҷӯ дорад.

Ба иттилои маҷаллаи Spiegel, рахнагарон дар пайи ҳамлаи ҳакерӣ ба сервери Бундестаг ба почтаи Меркел ва мукотибаҳои ӯ дар солҳои 2012-2015 дастрасӣ пайдо кардаанд. Расонаҳои Олмон навиштанд, ки додситонӣ дар ҳамла хадамоти иктишофи низомии Русияро айбдор медонад.

XS
SM
MD
LG