Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар бемористон даргузашт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Абдулназар Абдулҳасанов, генерали мустаъфӣ ва собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон дар шифохонаи "Қарияи Боло"-и Душанбе даргузаштааст. Вай 76-сола буд.

Яке аз пайвандонаш гуфт, ӯро 13-уми май зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе дафн карданд.

Ба қавли мусоҳиби мо, Абдулназар Абдулҳасанов шаби гузашта ҷон дод ва ӯро бо кумаки маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз бемористон рост ба оромгоҳ бурданд. Мақомоти Тоҷикистон асосан фавтидагон аз илтиҳоби шуш ва ё бемории ҳамагирро ба ин тарз дафн мекунанд.

Аммо наздиконаш мегӯянд, ӯ пештар аз бемории қалб ранҷ мекашид ва баъди як муддати муолиҷа дар бемористон сиҳат шуда буд.

Абдулназар Абдулҳасанов то оғози солҳои 90, то замони фурӯпошии Шӯравӣ, дар саффи нирӯҳои низомии Узбекистон хидмат мекард. Баъдан ба Тоҷикистон омада, муовини вазири дифоъ таъйин шуд.

Як муддат фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Вазорати дифои Тоҷикистон ҳам буд.

Наздиконаш мегӯянд тайи даҳ сол ба ҳайси атташеи ҳарбии Тоҷикистон дар Чин кор карда, бознишаста шуда буд.

XS
SM
MD
LG