Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон манъи санҷиши фаъолияти соҳибкоронро то соли 2022 пешниҳод доранд


Вазорати иқтисоди Қирғизистон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки муҳлати мораторияи санҷиши фаъолияти соҳибкоронро то 1-уми январи соли 2022 дароз кунад. Мораторияи феълӣ аз 1-уми январи соли 2019 то 1 январи соли 2021 муайян шудааст.

Ба гуфтаи вазорат, ҳадафи пешниҳод "эътидоли фаврии вазъи иқтисодӣ дар кишвар ва таъмини фаъолнокии доираҳои соҳибкорон" мебошад. Лоиҳаи қарор ба дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон пешниҳод шудааст.

Мораторияе, ки соли 2019 дар Қирғизистон эълом шуд, ба санҷиши соҳибкорон аз тарафи Бунёди иҷтимоӣ, Оҷонси давлатии зиддиинҳисорӣ, Оҷонси давлатии танзими комплекси сӯзишворию энергетикӣ, Оҷонси давлатии танзим ва назорати бозори молӣ, Нозироти давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарӣ, Нозироти давлатии бехатарии зистмуҳитӣ ва техникӣ, Департаменти филизҳои қиматбаҳои назди Вазорати молия, Департаменти таъминоти доруворӣ ва техникаҳои тиббии назди Вазорати тандурустӣ, Раёсати пешгирии бемориҳо ва назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ, Раёсати танзим ва назорати истеҳсолу гардиши маҳсулоти спиртии назди Вазорати кишоварзии Қирғизистон дахл дорад.

Вале бо вуҷуд санҷиши фаъолияти соҳибкорон дар Қирғизистон дар доираи парвандаҳои ҷиноӣ, бо дархости ниҳоди давлатӣ ё субъекти соҳибкорӣ, дар асоси шикояти шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар робита ба ҳолатҳое, ки ба ҷон ё саломатии сокинон ва муҳити зист хатар эҷод мекунад, дар доираи парвандаи нақзи қонунгузории зиддинҳисорӣ ва ғ. имкон дорад.

XS
SM
MD
LG