Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се узви баландпояи ҷиноҳи ДОИШ дар Афғонистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нирӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон гуфтанд, се узви баландпояи ҷиноҳи Осиёи Ҷанубии гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ", аз ҷумла раҳбари ин бахш Абу Умар Хуросониро дастгир кардаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, онҳо чанде пеш дар рафти як амалиёт дар Кобул боздошт шуданд.

Раёсати амнияти миллии Афғонистон хабар дод, ки ҳамроҳ бо Абу Умар Хуросонӣ раҳбари бахши иктишофӣ ва равобити ҷамъиятии гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Афғонистон низ ба даст афтодааст.

Аз ин пеш, 6-уми май, нирӯҳои амниятии Афғонистон дар минтақаи Шакардара амалиёте пиёда намуда, 5 узви ДОИШ-ро кушта ва чанд тани дигарро ба ҳабс гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG