Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдгор Файзов: Сирояти 6 сокини Бадахшон ба COVID-19 дақиқ аст, дигарон номаълум


Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон
Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, феълан дар шифохонаҳои ин минтақа тақрибан 190 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд ва аз ин шумора шаш кас мубталоит коронавируси нав мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи ҳаштуми май аз гирифтории 18 нафар ба коронавирус дар ВМКБ гузориш дода буд. Ёдгор Файзов, раиси вилоят 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар вилоят тест ва лаборатория надорем. Гуфта наметавонем, ки чӣ қадар пневмонияи вирусӣ ва ғайривирусӣ ҳаст. 6 нафар дақиқ COVID-19 шудаанд".

Вай илова кард, ки намунаи чаҳордаҳ нафари дигарро ба Душанбе фиристода, вале ҳанӯз ҷавобашро нагирифтаанд. "Ба хотири эҳтиёт ҳамаро чун COVID-19 изолятсия карда, вобаста ба ҳолати шуш табобат мекунем", - афзуд ӯ.

Ёдгор Файзов дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "160 нафар дар бемористони вилоятӣ дар Хоруғ бистарӣ ҳастанд, 17 нафар дар Мурғоб ва 4-6-нафарӣ дар ноҳияҳои дигари вилоят".

Ба иттилои раиси вилояти Бадахшон, то кунун 48 нафар аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд. Вай афзуд, "хушбахтона, касалӣ дар вилоят сабук мегузарад ва ҳолати сангини беморӣ дар касе мушоҳида намешавад."

Дар мавриди тавони муолиҷаи беморон, ӯ гуфт, "бемористонҳои вилоят дар як вақт тавони муолиҷа кардани то 700-800 нафарро доранд ва дар ҳолати бештар шудани беморон камбуди пизишкон эҳсос хоҳад шуд".

Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, шумори беморон "дар шабонарӯз аз 4-5 кас зиёд нест, дар рӯзҳои аввал ин рақам то ба 28 нафар мерасид".

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар саросари кишвар то 11-уми май 661 нафар ба коронавирус сироят шуда, 21 кас ҷон бохтаанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 200 ҳазор нафар зинадгӣ мекунанд. Ин минтақаи кӯҳӣ бо Қирғизистону Чин ва Афғонистон ҳаммарз аст.

XS
SM
MD
LG