Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии низомии эронӣ ҳангоми размоиш як киштии "дӯстона"-ро ғарқ кард


Киштии низомии "Ҷамарон"-и эронӣ ҳангоми размоишҳо киштии бузурги "Конарак"-ро ғарқ кард. Дар ин бора расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар медиҳанд. Ба навиштаи расонаҳо, аз киштии "Конарак" 40 кас фавтидааст.

Ин ҳодиса ҳангоми партоби мушакҳо рух додааст. Киштии ғарқшуда зоҳиран натавонистааст, ки сари фурсат аз ҳадафи ҳамлаи киштии эронӣ канор равад, менависанд коршиносони низомӣ. Киштии ғарқшуда соли 2018 таъмир ва дубора ба ҳайати флоти Эрон баргардонида шуда буд.

Расонаҳои Эрон ҳам дар бораи ғарқ шудани киштӣ хабар доданд.

Тобистони соли 2019 вазъ дар минтақаи Халиҷи Форс ва Уммон ба ҳолати пеш аз ҷангӣ наздик омад. Моҳи сентябри соли гузашта ду корхонаи коркарди нафти Арабистони Саудӣ аз сӯи шуришгарони Яман ҳамла шуданд. Ибтидои соли ҷори ИМА генерали эронӣ Қосим Сулаймониро кушт. Эрон дар посух пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар Ироқ мушакборон кард. Моҳи январи соли ҷорӣ Эрон ҳамзамон иштибоҳан ҳавопаймои мусофирбари Украинаро суқут дод, ки баъди ин шиддати низоъ коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG