Ислом Каримови хурдӣ, писари Гулнора Каримова бо нашри муроҷиате ба унвонии президенти кунунии Узбекистон Шавкат Мирзиёев номгӯи амволеро зикр кардааст, ки аз модари вай мусодира шуданд. Писари Гулнора Каримова навиштааст, як қисми амволи модараш акнун моли домоди Шавкат Мирзиёев шудаанд.
Миёни дороиҳои мусодирашудаи духтари Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон ба навиштаи писараш, "Почтаи Узбекистон", ширкати мобилии Perfectum Mobile, 98 хона дар беҳтарин минтақаҳои шаҳри Тошканд ва дигар амволҳо ҳастанд.
Дар ин рӯйхат ҳамчунин маркази тиббии МДС ва ду клиникаи шахсӣ, нуқтаҳои тиҷории Duty free дар фурудгоҳи Тошканд, шабакаи мағозаҳои Levi’s, Mango, Benetton ва дигар тамғаҳои ҷаҳонӣ, панҷ тарабхона, чаҳор синамо, ду толори варзиш ва спа-клуб, бештар аз 20 сохтмони нотамом, бештар аз 20 фурӯшгоҳ дар маркази шаҳр, ширкатҳои хонафурӯшӣ, фермаҳои чорвопарварӣ, заминҳои кишоварзӣ зикр шудааст.
Дар муроҷиати Ислом Каримови хурдӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд омадааст, дороиҳои дигар, ки ба модари вай тааллуқ доштанд, бидуни қарор додгоҳ, ҳамакнун моли домоди Шавкат Мирзиёев шудаанд.
"Пештар аз ин истироҳатгоҳи мо, ки бо ширкати мустақими бобоям сохта шуда буд, ба ихтиёри домоди Шумо гузашта, акнун моли Эътилофи варзишии муҳорибаҳои омехта шудааст", - навиштааст писари Гулнора Каримова.
Ба навиштаи Ислом Каримови хурдӣ, корхонаи истеҳсоли нушобаҳои Coca-Cola дар Узбекистон низ ба домоди раиси ҷумҳур дода шудааст. "Ба гуфтаи падарам М. Мақсудӣ, корхонаи муштараки мо Coca-Cola, ки арзиши садҳо миллион долларро дорад, зери роҳбарии домоди Шумо гузаштааст", - навиштааст Ислом Каримови хурдӣ дар муроҷиаташ ба президенти кунунии Узбекистон Шавкат Мирзиёев.
Набераи президенти пешини Узбекистон дар муроҷиаташ зикр кардааст, ки дороӣ ва амволи мусодирашудаи модари вай на ба давлат, балки ба ихтиёри домоди президент дода шудааст. "Мо иттилоъ наёфтем, ки истироҳатгоҳ, Coca-Cola ва дигар дороиҳои мусодирашудаи моро ба фурӯши озод гузошта бошанд, тавре ки қонун талаб мекунад", - афзудааст Ислом Каримови хурдӣ.
Гулнора Каримоваи 48-сола аз сӯи додгоҳи Узбекистон дар содир кардани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла ташкили ҷамъияти ҷиноӣ, тамаъҷӯӣ, дуздӣ тавассути исроф ва азхудсозӣ, қонунигардонии маблағҳои аз роҳи ҷиноӣ дарёфтшуда ва ғайра айбдор дониста шудааст.
Дар асосин парванда, амвол ва дороиҳои Каримова мусодира гардидааст.
Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, зиёни умумии расонидаи Каримова ба давлат ва шаҳрвандон 1 млрд 651,8 млн доллар аст.
Айни ҳол Гулнора Каримова дар зиндони занонаи ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд адои ҷазо мекунад.