Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи сахт Душанбе ва Ваҳдатро такон дод


Маркази зилзиласанҷӣ дар Тоҷикистон
Маркази зилзиласанҷӣ дар Тоҷикистон

Бегоҳи 10-уми май заминларзаи шадид маркази Тоҷикистонро такон дод.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ҳодиса соати 17:52 рух дода, марказаш "дар 5-километрии шарқи Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аст".

Мақомот мегӯянд, нирӯи зилзила дар маркази он ба 4 - 5 дараҷаи Рихтер ва дар Душанбе ба 4 дараҷа баробар буд, вале бисёре аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шиддати заминларзаро дар Душанбе "хеле сахт" тасвир карданд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи якшанбе гуфт, ҳанӯз дар бораи хисорот ва талафоти ҷонии заминларзаи ахир иттилое нагирифтаанд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари заминларза дар гӯшаҳои чандин хона вайрон шудааст.

XS
SM
MD
LG