Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бемористоне, ки гирифторони COVID-19 муолиҷа мешаванд


Бино ба гузориши расонаҳои Русия, дар сӯхтори шифохонае, ки дар он гирифторони коронавируси нав муолиҷа мешаванд, дастикам як нафар ба ҳалокат расидааст.

Хабаргузории ТАСС навишт, сӯхтор шоми 9-уми май дар шифохонаи ба номи Спасокукотский дар шимолу ғарби Маскав рух дод.

Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, беморонро ба берун бароварда, сӯхторро хомӯш кардаанд.

Шифохонаи ба номи Спасокукотский яке аз марказҳои ангуштшумор дар пойтахти Русия аст, ки ба таври хос барои муолиҷаи беморони мубтало ба коронавирус ихтисос дода шудааст.

То ин дам дар Русия беш аз 209 ҳазор нафар ба коронавирус сироят шуда, зиёда аз 1900 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Беш аз 34 ҳазор кас шифо ёфтаанд.

Мавридҳои нави сирояти коронавирус дар Русия дар ҳафтаи ҷорӣ аз Фаронсаву Олмон зиёд шуд ва ин кишвар дар зинаи панҷум дар сатҳи ҷаҳон қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG