Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофоти назари Чину Амрико монеи қабули қатъномаи Созмони Милал шудааст


Доналд Трамп Чинро танқид кардааст, ки хуруҷи бемориро пинҳон дошт.

Ихтилофоти назар дар байни аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал монеи пешрафт барои қабули қатъномае шудааст, ки иҷоза бидиҳад, дар замони пандемияи коронавируси нав дар саросари ҷаҳон созиши оташбас эълон шавад. Ба гуфтаи дипломатҳо, ихтилоф дар истифода аз калимаи “шаффофият” ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аст, ки Амрикову Чинро зидди ҳам гузоштааст.

Раиси ҷумҳур Доналд Трамп, пайваста Чинро ба густариши коронавируси нав муттаҳам кардааст ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро ҳам танқид кардааст, ки дар “дурӯғпароканӣ” ба Чин кӯмак кардааст. Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал рӯзи 23-уми март хост, дар муноқишаҳое, ки дар ҷаҳон ҳаст, созиши оташбас эълон шавад, то ҷаҳон тавонад, таваҷҷӯҳро ба мубориза бо пандемияи коронавирус равона кунад.

Аз пешниҳоди тарҳи қатъномаи эълони оташбас, ки Фаронсаву Тунис шаш ҳафта мегузарад, вале Чину Амрико гуфтаанд, ки мухолифи қабули он раъй медиҳанд. Мухолифат ҳам дар мавриди ворид кардани номи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар тарҳи мазкур будааст. Доналд Трамп маблағгузории созмони мазкурро аз тарафи Амрикоро қатъ кард ва гуфтааст, ки барои беэъӣтиноӣ ба амалкардҳои Чин “бояд ҷавоб бидиҳад.” Чин гуфтааст, ки бояд номи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва нақши он дар мубориза бо пандемия нишон дода шавад.

XS
SM
MD
LG