Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбекистон гуфт, 11 ҳазор шаҳрвандашро бармегардонад


Дар Узбекистон 48 ҳазор нафар дар карантин ҳастанд.
Дар Узбекистон 48 ҳазор нафар дар карантин ҳастанд.

Ӯзбекистон тасмим дорад, 11 000 шаҳрванди худро аз Русия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия ва кишварҳои дигар ба ватан баргардонад. Ин нуктаро президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 май дар як ҷаласа баён дошт. Ӯ гуфт:

"Шумо огаҳӣ доред, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар бештари кишварҳо дармондаанд. Бо даст додани имконият мо бояд онҳоро баргардонем. Мо аллакай ин равандро оғоз кардем. Тасмим дорем, ҳамватанони худро аз Русия, АМА, Туркия ва кишварҳои дигар биорем. 11 ҳазор шаҳрванди мо бо мушкил рӯбарӯ шудаанд. Мо барои баргардонидани онҳо чора хоҳем андешид."

Мирзиёев афзуд, ҳангоми баргардонидани шаҳрвандон бояд аз эҳтиёт кор гирифт, зеро бисёре аз онҳое, ки ба ватан оварда шуданд, бемори будаанд. Ба гуфтаи президент, дар ҳоли ҳозир 45 ҳазор нафар дар Ӯзбекистон дар карантин ҳастанд.

XS
SM
MD
LG