Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сейми Полша қонуни овоздиҳӣ дар интихобот тавассути почтаро қабул кард


Боғи Лазенскии Варшава баъди сабуктар шудани муқаррароти гаштугузор дар давраи карантин
Боғи Лазенскии Варшава баъди сабуктар шудани муқаррароти гаштугузор дар давраи карантин

Сейм ё парлумони Полша бо қабули қонуни овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ тавассути почта ризоият дод. Тарҳи қонуни нав, ки махсус бо назардошти пандемияи коронавирус таҳия шудааст, қаблан аз ҷониби Сенат рад шуд. Вале палатаи поёнии парлумони Полша ниҳоят тавонист ин қонунро тасвиб кунад. Сейм рӯзи 6 апрел қонуни овоздиҳӣ тавассути почтаро қабул кард, вале як моҳ баъдаш онро Сенат рад карда дубора ба баррасии маҷлиси поёнӣ фиристод. Барои берун шудан аз ветои қонун дар Сейм бояд аксари депутатҳои маҷлиси поёнӣ аз тарҳи қонун пуштибонӣ мекарданд. Акнун имзои ниҳоиро президент Анджей Дуда бояд гузорад.

Қарор буд даври аввали овоздиҳӣ рӯзи 10 май баргузор мешуд, вале бо сабаби пандемияи коронавирус мӯҳлати интихобот тағйир ёфт. Эҳтимолан овоздиҳӣ дар моҳи июн барпо мешавад. Дар саросари ин кишвари аврупоӣ 15 ҳазор нафар ба коронавирус олуда шуда, беш аз 700 нафар ҷон доданд.

XS
SM
MD
LG