Дар як шабонарӯзи гузашта аз беморхонаҳои Бишкек ва Ӯш 23 шахси гирифторшуда ба COVID-19 озод шуданд. Нурболот Усенбоев, муовини вазири беҳдошти Қирғизистон рӯзи 7 май хабар дод, ки 15 нафари онҳо аз Бишкек ва 8 нафарашон дар беморхонаҳои Ӯш буданд. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ, аз 895 шахси олудашуда ба коронавирус 637 нафар табобат ёфтанд.
Ӯ гуфт, “дар беморхонаҳои кишвар 246 нафар таҳти муолиҷа мемонанд ва ҳолати 7 нафари онҳо сангин арзёбӣ мешавад. 4 нафар дар шӯъбаи эҳёгарӣ ҳастанд. 63 нафар дар ҳолати миёна ва 176 нафар дар ҳолати қаноатбахш қарор доранд”.
Дар маҷмӯъ дар Қирғизистон шумори олудашудаҳо ба COVID-19 – 895 нафарро ташкил медиҳад ва аз ин шумор, бештарин ҳолатҳо – 257 нафар дар Бишкек ва 173 нафар дар ҳудуди вилояти Ӯш ба қайд гирифта шудаанд.