Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп қатъномаи маҳдудкунии қудрати ҷангии Эронро вето кард


Президенти ИМА Доналд Трамп
Президенти ИМА Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп қатъномаи конгресс дар заминаи ҷилавгирӣ аз иқдомҳои ҷангӣ алайҳи Эрон бидуни мувофиқаи қаблии Конгрессро вето кард. Дар изҳороти рӯзи 6 май Трамп талоши қонунгузорон барои маҳдуд кардани қудрати ҷангии президентро “бисёр таҳқиромез” номид ва гуфт, ки он “бар асоси суитафоҳуми далел ва қонунҳо” таҳия шудааст. Дар як иқдоми якдилона, баъди тасвиби Сенат, аъзои Маҷлиси намояндагон моҳи март як қатъномаи ғайриҳатмиро қабул карданд ва ин замоне буд, ки нигарониҳо аз эҳтимоли шурӯи ҷанг бо Эрон ба миён омада буд. Моҳи январ дар як ҳамлаи мушакии ҳавоии амрикоиҳо дар Бағдод генерали пурқудрати эронӣ Қосими Сулаймонӣ кушта шуд. Эрон бо партоби мушакҳои баллистикӣ посух дод, ки дар натиҷа тахминан 100 сарбози амрикоии пойгоҳи низомии Ироқро маҷрӯҳ кард. Конститутсияи ИМА танҳо ба Конгресс ҳақ медиҳад, ки ҷанг эълон кунад.

XS
SM
MD
LG