Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз марказҳои хусусии тиббӣ хостааст, дар ин шабу рӯз нархи ташхиси беморонро аз 10 то 15 дарсад арзон кунанд.
Ҳоло аксари сокинон барои фаҳмидани онки бемориашон ҷиддист ва оё шушҳояшон тоза аст, барои ташхис ба марказҳои тиббӣ мераванд.
Баъзе аз онҳо мегӯянд, нархи ташхисҳо гарон аст ва зӯри на ҳар кас ба он мерасад.
Дилшод Музаффарзода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, нархи хадамоти марказҳои хусусии тиббӣ дар муқоиса ба шифохонаҳои давлатӣ гаронтар аст.
Ӯ афзуд: "Ба онҳо пешниҳод кардем, ки аз даҳ то 15 дарсад қимати хидматрасониро поин биоранд. Ҳоло талабот ба ин навъи ташхисҳо зиёд шудааст".
Ин ниҳоди давлатӣ маъмулан танҳо пас аз 20 дарсад гарон шудани нархи молу маҳсулот дар як моҳ ҳаққи дахолат карданро дорад.
Сокинон мегӯянд, нархи таҳлилу озмоишҳо, аз ҷумла ташхиси рентгентӣ, МРТ ва ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ) дар аксар шифохонаҳои кишвар ба маротиб боло рафтааст.
Барои мисол, дар аксар шифохонаҳо ва озмоишгоҳҳои хусусӣ арзиши як МРТ то 750 сомонӣ ва ташхиси ренгентӣ аз 220 то 350 сомонӣ нарх дорад.