Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ парванда ба зидди фурӯшандаҳои дору дар Душанбе


Акс аз сомонаи Раёсати умури дохилии Душанбе
Акс аз сомонаи Раёсати умури дохилии Душанбе

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди бархе аз тоҷирони дору дар пойтахт панҷ парванда кушодаанд.

Ин афрод барои, ба гуфтаи мақомот, ба таври сунъӣ боло бурдани нархи доруҳо ва лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла ниқобу либосҳои муҳофизатӣ, гумонбаранд. То ҳол назари ҷониби дигар дастрас нест.

Баъд аз эълони аввалин мавридҳои сирояти коронавируси нав дар Тоҷикистон нархи баъзе аз доруҳо ба таври чашмгир боло рафт.

Арзиши баъзе чунин доруҳо, ки сокинон онро маъмулан ҳангоми муолиҷаи зуком истифода мекарданд, аз 18 сомонии қаблӣ то ба 250 ва аз 60 сомонии пешина то 400 сомонӣ афзудааст.

Ин ҳолат нигаронии сокинонро ба вуҷуд овард ва даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот хостанд, ба ин мушкил расидагӣ кунанд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфта буд, қазияро аз наздик пайгирӣ дорад.

Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯяд, дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартии "Дорухона"-ро ба роҳ монд ва дар навбати аввал чанд нафарро барои ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши дору ва маводи дигари тиббӣ дастгир кард.

Ин афрод, ба гуфтаи мақомот, "аз вазъияти баамаломада истифода бурда, арзиши лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла дастпӯш, ниқобҳои тиббӣ ва намудҳои гуногуни доруро бо нархи даҳчанд ба фурӯш гузоштаанд".​

То ҳол назари тоҷирони дору ва ё вакилони дифоашон ба ин ҳодиса маълум нест. Вале рӯзи 5-уми май масъули дорухонае дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "инҷо айби доруфурӯшон нест."

Мақомот мегӯянд, баъзе аз афроди дастгиршуда худ ба таҳияи лавозимоти тиббӣ машғул будаанд. Яке аз онҳо Ёдгор Бойбобоев рӯзи 4-уми май ҳангоми тиҷорати лавозимоти тиббӣ дар дохили мошинааш дастгир карда шудааст. Бойбобоев барои надоштани иҷозати расмӣ барои таҳияи маводи тиббӣ ҳам муттаҳам аст.

Файзулло Алиев, сокини дигари пойтахтро барои гаронтар фурӯхтани доруи “Арбидол” гумонбар донистаанд. Мақомот мегӯянд, "нархи як капсулаи ин дору 40 сомонӣ аст, вале арзиши онро рӯзҳои ахир то 250 сомонӣ баровардаанд".

Ду фурӯшандаи дорухонаҳои "Ориёнфарм" ва "Азиз-вако" дар Душанбе низ бо айни иттиҳом гумонбаранд.

Бархе аз сокинон мегӯянд, бо чунин амалиёт ҷилави боло рафтани нархро гирифтан имкон надорад. Ба гуфтаи онҳо, дар гузашта низ мақомот барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозорҳо чунин кӯшиш карданд, вале ба ҷое нарасиданд.

Иддае дигар мегӯянд, бояд мақомот бештар ҷилави ширкатҳои таъминкунандаи доруро бигиранд, ки пасту боло рафтани нархҳо бештар аз онҳо вобастааст.​

XS
SM
MD
LG