Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон номи пули миллияшро аз риёл ба туман иваз мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қонунгузорони Эрон пешниҳоди ҳукуматро дар бораи тағйири пули миллии ин кишвар ҷонибдорӣ карданд. Ҳамин тариқ, риёли эронӣ чаҳор сифрро аз даст медиҳад ва номаш низ ба туман иваз хоҳад шуд.

Тағйири пули миллии Эрон қарор аст, дар давоми аз 2 то 5 сол сурат бигирад.

Давлат дар ин муҳлат тадриҷан пулҳои куҳнаро аз муомилот мегирад ва ба ҷояшон пулҳои нав пешниҳод хоҳад дод.

Қурби риёли эронӣ солҳои ахир ба иллати таҳримҳо поин рафта буд. Риёл соли 2018 пас аз он беқурбтар шуд, ки ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд ва таҳримҳоро ба зидди Теҳрон дубора барқарор кард.

Аз соли 2018 қурби расмии 1 доллар дар Эрон аз 32 ҳазор то ба 42 ҳазор боло рафт. Ҳоло дар бозори сиёҳ 1 долларро ба беш аз 155 ҳазор риёл мехаранд.

Охирҳои соли 2019 дар Эрон ба иллати мушкилиҳои иқтисодӣ ва болоравии нархи сӯзишворӣ эътирозҳои оммавӣ сурат гирифт. Мақомот ба хотири пешгирӣ аз паҳни хабари тазоҳурот интернетро дар ин кишвар қисман қатъ ва эътирозгаронро саркӯб карданд.

"Ин тағйирот барои онҳое, ки риёлро ҳеч гоҳ эътироф намекарданд ва ҳамеша тумон истифода мебурданд, аҳамияти равонӣ хоҳад дошт", - гуфт раиси Бонки марказии Эрон Абдулносир Ҳимматӣ.

XS
SM
MD
LG