Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои кам кардани оқибатҳои манфии коронавирус ба бахшҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Қирғизистон 50 миллион доллар ҷудо мекунад.
Ба огаҳии БОР, 25 миллион доллар ҳамчун қарзи боимтиёз аз ҳисоби худи бонк ва 25 миллион доллар ҳамчун грант аз ҳисоби Бунёди Осиёии Рушд ҷудо хоҳад шуд.
Бунёди мазкур низ аз сӯи БОР дар доираи вокунишҳо ба паҳн шудани коронавирус сармоягузорӣ мешавад.
Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 26-уми марти имсол бо раҳбари намояндагии БОР дар ин кишвар Кэндис МакДейган мулоқот ва ба бонк пешниҳод кард, ки "имкони расонидани кумаки молӣ ба Бишкекро барои андешидани чораҳои муассир зидди коронавирус ва коҳиш додани хатарҳо ба иқтисоди ин кишвар баррасӣ кунанд".
Кэндис МакДейган низ дар навбати худ хабар дода буд, ки аз ҷониби Қирғизистон барои расонидани кумаки фаврии молӣ дархост гирифтаанд.