Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи кори нирӯҳои баҳрии амрикоӣ дар баҳри Барентс


Машқҳои низомии Русия дар обҳои баҳри Барентс. Акс аз соли 2015
Машқҳои низомии Русия дар обҳои баҳри Барентс. Акс аз соли 2015

Чор киштии нирӯҳои баҳрии Амрико ва як киштии нирӯҳои шоҳигарии Британия рӯзи 4 май дар самти шимолии Русия рӯи обҳои баҳри Барентс шино карда, ба қавли Пентагон, амалиёти амниятии арктикиро ба роҳ монданд. Нахустин бор аст, ки баъди миёнаҳои солҳои 1980-ум нирӯҳои баҳрии амрикоӣ дар обҳои Барентс шино мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Русия солҳои ахир тавонмандиҳои низомии худ дар Арктика – макони тақвияти захираҳои геостратегӣ, дифоӣ ва тавсеаи эҳтимолии ҳаракати киштиҳояшро тақвият медиҳад.

Мақомоти нирӯҳои баҳрӣ гуфтанд, ки “ба хотири пешгирӣ аз сӯитафоҳум, коҳиши хатар ва ҷилавгирӣ аз тавсеаи нохоста” вазорати дифои Русия пешакӣ огоҳонида шуд. Вазорати дифои Русия гуфт, ки Нирӯҳои баҳрии шимолии Русия ҳаракати киштиҳоро мушоҳида мекунанд.

XS
SM
MD
LG