Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко барои таъқибҳои сиёсӣ $5,5 млн ҷуброн дарёфт кард


Юлия Тимошенко
Юлия Тимошенко

Сиёсатмадори украинӣ, раиси ҳизб ва ҷиноҳи порлумонии "Баткившина" Юлия Тимошенко барои мавриди таъқибҳои сиёсӣ қарор гирифтанаш ҷубронпулӣ дарёфт кард.

Дар ин бора дар эъломияи Тимошенко хабар дода шудааст, ки онро сомонаи Оҷонси миллии пешгирӣ аз коррупсия дар Украина нашр кардааст. Дар эъломия омадааст, ки сиёсатмадори украин 24 апрел дар ҳаҷми 148 миллион гривен (ҳудуди 5,5 миллион доллар) даромад доштааст. Ин маблағ ҷуброни таъқибҳои сиёсие гуфта шудааст, ки сиёсатмадор дар солҳои 2011-2014 рӯбарӯ гаштааст.

Тимошенко соли 2011 дар давраи президентии Виктор Янукович дар берун рафтан аз салоҳиятҳои худ ҳангоми имзои созишномаи газ бо Русия айбдор ва 7 сол зиндонӣ шуд. Ӯ соли 2014, баъди фирори Янукович аз Украина озод шуд.

ИМА ва Иттиҳоди Аврупо парвандаи Тимошенкоро "сиёсӣ" номиданд.

XS
SM
MD
LG