Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос гуфт, чаро садди обанбори Узбекистон рахна шуд


Коршиносон дар умури сохтмону обанбор сабаби рахнаи садди обанбори Сардобаи Узбекистонро коррупсия, инҳисор ва дуздӣ номиданд.

"Агар ҳангоми бунёди иншоот дуздӣ сурат нагирад ва онро бар асоси нақша созанд, ягон сад дар натиҷаи аввалин шамол рахна нахоҳад шуд. Нақшаи дуздӣ дар ин гуна сохтмонҳо одӣ аст. Барои намуна, агар барои бунёди сад 1000 метри мукааб хок лозим бошад, 500 метри мукааб харҷ мекунанд. Бо масолеҳи дигари сохтмонӣ низ чунин муносибат хоҳад шуд", - гуфт як мутахассиси соҳа ба шарти ифшо нашудани номаш.

Як сокини вилояти Сирдарё, ки дар бунёди садди мазкур иштирок дошт, гуфтаҳои мутахассисро тасдиқ кард. "Дар бунёди он иштирок доштам. Сангу регро аз меъёри муайяншуда кам истифода мебурданд. Мошинҳое, ки сангу рег мекашонданд, бори худро дар роҳ ба сокинон мефурӯхтанд. Дар нақша ҳама чиз сад дар сад буд ва дар амал ҳамаро "узбекӣ" мекарданд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Рӯзи 1 май сарбанди обанбори Сардоба рахна кард. Кормандони вазорати ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар сокинони маҳаллиро ба ҷои амн кӯчониданд.

"Соати 6 субҳ бонги хатар зада шуд. Кормандони милиса фарёд мезаданд: "Бархезед, сӯи Ҷиззах шитобед, сарбанди обанбори Сардоба рахна кардааст". Манзили мо дар фосилаи як километр аз обанбор ҷойгир аст. Мо ҳуҷҷатҳоямонро гирифта, ба кӯча баромадем. Одамон дигар ҳам ба мошинҳо нишаста, фирор мекарданд. Об бо садои даҳшатовар наздик мешуд, мо ҳам ба мошин нишаста аз маҳалли зист берун шудем", - хабар дод як сокини маҳаллӣ.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар маҷмуъ бештар аз 11 ҳазор сокини маҳаллӣ ба ҷои амн кӯчонида шудааст.

Обанбори Сардоба соли 2017 бунёд шудааст. Ин обанбор ғунҷоиши 922 миллион мукааб обро дорад. Баландии он 28,8 метрро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG