Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР Қазоқистон мандати вакилии духтари Назарбоевро дар сенат қатъ кард


Дариға Назарбоева
Дариға Назарбоева

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Қазоқистон хабар дод, ки муҳлати салоҳияти вакилии Дариға Назарбоева, духтари президенти пешин Нурсултон Назарбоев дар Сенати ин кишвар ба поён расид.

Ба огаҳии КМИР, "4 май дар ҷаласаи ин ниҳод қарор дар бораи қатъи мандати вакили Сенати порлумони Қазоқистон Дариға Назарбоева қабул карда шуд".

Дафтари президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳам рӯзи 2-юми май гуфт, Тоқаев "салоҳияти Назарбоеваро қатъ намуд". Президенти Қазоқистон рӯзи шанбе дар Твиттер барои "кори пурсамар" ба Дариға Назарбоева сипос гуфт.

Назарбоеваи 57-сола моҳи сентябри соли 2016 бо фармони падараш вакили палатаи болоии порлумон -- Сенати Қазоқистон таъйин шуд.

То он дам ӯ тайи чанд сол муовини сарвазир буд. Дар Сенат кумитаи умури муносибатҳои байналхалқӣ, дифоъ ва амниятро раҳбарӣ мекард.

Назарбоева моҳи марти соли 2019, пас аз истеъфои падараш Нурсултон Назарбоев ва президенти муваққати Қазоқистон эълом шудани Қосимҷомарт Тоқаев (раиси пешини Сенат) раиси палатаи болоии порлумони он кишвар интихоб гашт.

Бино ба Қонуни асосии Қазоқистон, раиси Сенат шахси дувум дар ҷумҳурӣ аст ва дар сурати истеъфо ва ё фавти раиси ҷумҳури амалкунанда идораи давлатро ба даст мегирад.

Бино ба хабарҳо, муовини раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон Маулен Ашимбоев 4 май аз мақом барканор ва ба ҷои Назарбоева узв ва раиси сенат интихоб шудааст.

Як манбаи огаҳ ба хабаргузории "Интерфакс-Қазоқистон" гуфтааст, Ашимбоеви 47-сола бо пешниҳоди Тоқаев раиси сенат интихоб гардид.

XS
SM
MD
LG