Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, донишҷӯёнро барои напардохтани ҳаққи таҳсил аз донишгоҳ намеронанд


Донишҷӯён ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба вилояти Суғд
Донишҷӯён ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба вилояти Суғд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, донишҷӯёнеро, ки то ин дам пули шартномаи таҳсилро пурра пардохт накардаанд, аз донишгоҳ намеронад.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорат, рӯзи 4-уми май гуфт, ин имтиёз ба донишҷӯён то замони "хуб шудани вазъ дар кишвар ва бартараф шудани коронавирус" дода мешавад.

Ба қавли ӯ, вазири маориф дар ин бора ба раҳбарони мактабҳои олии кишвар низ дастур додааст.

"Имрӯз насупоридани маблағи шартномаи таҳсили донишҷӯ набояд садди роҳи ҷамъбасти сессияи тобистона гардад. Бояд имкон диҳем, ки донишҷӯ дар вақти дигар бо хуб шудани вазъ дар кишвар ва пайдо шудани имконоти молиявӣ маблағи шартномаи таҳсилро пардохт намоянд", -- гуфтааст вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода.

Инчунин, вазорат гуфтааст, донишҷӯёне, ки "бо сабабҳои узрнок" дар имтиҳонҳои хатм иштирок карда наметавонанд, "имтиҳонашон ба даври дигар - семестри тирамоҳӣ гузаронида шавад".

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ба донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд.

Имтиҳонҳои тобистонаи ин гуруҳи донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбасти имтиҳоноти хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.

Ба хонандагони мактабҳои миёна то 10-уми май таътил додаанд. Дар посух ба ин суол, ки оё баъд аз эълони мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон замони таътили хонандагон дароз карда хоҳад шуд, ё не, сухангӯи вазорат дар Фейсбук навишт, масъала дар ҳоли баррасӣ аст ва агар тасмиме шуд расман эълон мекунанд.

Ба иттилои мақомот дар Тоҷикистон то ин дам 128 нафар ба коронавирус мубтало шуда, ду нафар фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG