Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп умедвор аст, то охири сол дар Амрико ваксина пайдо мешавад


Доналд Трамп ҳангоми сӯҳбат дар як маҳфили Фокс Нюс дар Вашингтон дар рӯзи 3-уми май.
Доналд Трамп ҳангоми сӯҳбат дар як маҳфили Фокс Нюс дар Вашингтон дар рӯзи 3-уми май.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, умедвор аст, кишвараш то охири сол ваксина ба зидди коронавируси навро ба даст меорад, ҳарчанд мутахассисон гуфтаанд, ки танҳо озмоиши ваксина на камтар ах як солро мегирад, чӣ расад ба истеҳсоли саноатии он.

Доналд Трамп, ки мехоҳад, дар интихоботи имсолаи раиси ҷумҳур дигарбора пирӯз шавад, саъй дорад, фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Амрико аз сар гирифта шавад, чун ба сабаби қатъи кори бисёре аз арсаҳо, иқтисоди кишвар рӯ ба таназзул овард, миллионҳо нафар бекор монданд. Дар Иёлоти Муттаҳида вируси COVID-19 ба бештар аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар сироят кардааст, ки дар муқоиса ба тамоми кишварҳои дигари дунё зиёдтар аст. Беморӣ то ҳол 67 ҳазор нафарро дар Амрико куштааст.

Садҳо ширкат ва муассисаҳои таҳқиқотӣ дар саросари ҷаҳон талош доранд, ки ваксинаи беморӣ ва роҳи муолиҷаи COVID-19-ро пайдо кунанд. Ба гуфтаи мутахассисон, пеш аз онки вазъи зиндагӣ ба ҳолати маъмулӣ баргарданд ва дигар фосилагирии иҷтимоӣ зарур набошад, бояд ваксинаи бемориро пайдо кунанд. Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 4-уми май конфронси онлайниро баргузор кард, ки дар он масъалаи сармоягузорӣ барои офаридани ваксина ва роҳи муолиҷаи COVID-19 баррасӣ мешавад. Ҷенс Спан, вазири беҳдошти Олмон қабл аз оғози конфронс гуфт, ки мумкин аст, барои офаридани ваксина ба зидди беморӣ солҳо лозим шавад.

XS
SM
MD
LG