Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико гуфт, ба расонаҳои Тоҷикистон сипос гӯед


Марк Поммершайм дар гузашта хабарнигор ҳам будааст.
Марк Поммершайм дар гузашта хабарнигор ҳам будааст.

Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Душанбе, бо қадрдонӣ аз кори хабарнигорон хостааст, ки мардум ва ҳукумат аз онҳо пуштибонӣ кунанд.

Дар як баёнияи кӯтоҳе, ки сафорати Амрико рӯзи 3-уми дар Рӯзи Озодии Матбуот дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, дипломати амрикоӣ гуфтааст: “Расонаҳои мустақил дар ҷомеаи озод нақши муҳим доранд ва мардуму ҳукумат бояд аз онҳо пуштибонӣ кунанд. Мо ба расонаҳо барои иттилооти дақиқ, ки ба суди ҳама аъзои ҷомеа аст, вобастаем. Рӯзноманигорон ҳақиқатро меҷӯянд, ки онро пайдо кардан душвор аст ва гоҳе барои эълому интишори хабару далелҳо ҷону моли худро дар хатар мегузоранд.”

Марк Поммершайм ҳамчунин дар ин баёния бо муроҷиат ба корбарон гуфтааст: “Имрӯз фурсате пайдо кунед ва ба расонаҳои Тоҷикистон «сипос» гӯед” ва бо табрики хабарнигорон афзудааст: “Рӯзноманигорони муҳтарам, аз шумо барои ҳар коре, ки мекунед, сипосгузор ҳастем!"

Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли ахир барои фишор ба хабарнигорону матбуоти мустақил бисёр танқид мешавад. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), моҳи гузашта дар шохиси нави озодии матбуот дар ҷаҳон Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар, дар мақоми 161-ум ҷой дод, ки мақоми бисёр бад аст. Жанна Кавелие раҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ба Радиои Озодӣ гуфт: " Озори журналистон дар Тоҷикистон ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст... ва дар матбуот худсензураи фаровон мушоҳида мешавад".

XS
SM
MD
LG