Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олии Исроил сарнавишти Нетаняҳуро баррасӣ мекунад


Бенямин Нетаняҳу ҳангоми сипосгузорӣ ба тарафдоронаш дар рӯзи 2-уми март дар Тел Авив.
Бенямин Нетаняҳу ҳангоми сипосгузорӣ ба тарафдоронаш дар рӯзи 2-уми март дар Тел Авив.

Додгоҳи Олии Исроил рӯзи 3-уми май мурофиаи дурӯза дар бораи нахуствазир Бенямин Нетаняҳуро оғоз кард. Дар мурофиа ин масъала баррасӣ мешавад, ки оё Бенямин Нетаняҳу, ки ду дафъа ба ришвахорӣ муттаҳам шудааст, барои таъсиси ҳукумати нав иҷоза дорад, ё не. Дар сурати манфӣ будани посух, дар Исроил бояд дигарбора интихоботи порлумонӣ сурат бигирад ва чаҳорумин интихобот аз моҳи апрел мешавад.

Бенямин Нетаняҳу ва рақиби асосиаш Бенни Гантз моҳи гузашта бо имзои мувофиқатномае ба созиш расиданд, ки ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис медиҳанд ва ба навбат раҳбарӣ мекунанд. Дар се интихоботи гузашта ҳеҷ яке аз онҳо барои таъсиси ҳукумат раъйи кофӣ ба даст наовард. Нетаняҳу, ки бештар аз 10 сол аст, раҳбарии Исроилро бар дӯш дорад ва ҳоло ҳам раиси муваққати ҳукумат аст, баъди 18 моҳ бояд лаҷоми қудратро ба дасти Бенни Гантз фармондеҳи собиқи артиш бидиҳад.

Аммо гурӯҳҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла мухолифони давлат, нозирони демократия дар Исроил аз додгоҳ хостанд, мувофиқатномаро беэътибор кунад ва ба Нетаняҳу, ки парвандаи ҷиноӣ дорад, иҷозаи ташкили ҳукумат надиҳад. Ҳукми додгоҳ бояд рӯзи 7-уми май эълон шавад.

XS
SM
MD
LG