Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти беш аз 7930 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус дар Русия


Маскав
Маскав

Русия аз сабти беш аз 7930 мавриди нави сирояти сокинон ба коронавирус дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Ин рақам аз омори як рӯз пеш тақрибан 900 ҳолат бештар аст.

Ҳоло шумори умумии гирифторони коронавирус дар Русия ба зиёда аз 114 ҳазор нафар расид.

Маркази посухдиҳӣ ба буҳрони коронавирус дар Русия рӯзи якуми май гуфт, дар шабонарӯзи гузашта 96 нафар аз ин бемории ҳамагир ҷон бохтанд. Шумори умумии фавтидагон 1180 нафар аст.

Мунтақидон теъдоди фавтидагонро аз коронавирус бештар аз омори ҳукумат медонанд.

Як рӯз пеш аз эълони омори нав Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дар гуфтугӯи фосилавӣ бо президент Путин гуфт, натиҷаи ташхисаш аз коронавирус мусбат баромад ва ӯ худашро карантин кард.

XS
SM
MD
LG