Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF аз Нурсултон хост, ба таъқиби рӯзноманигорон поён бахшад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Созмони Гузоришгарони бидуни марз (RSF) аз мақомоти Қазоқистон даъват кардааст, тақиби рӯзноманигоронеро қатъ кунад, ки масъалаҳои вобаста коронавирусро бозтоб медиҳанд.

Масъулони созмон бозпурсӣ, таъқиб ва ифшои манбаъҳои махфии рӯзноманигоронро дар Қазоқистон "ғайри қобили қабул" номидаанд.

"Мақомоти Қазоқистон бо баҳонаи ба таҳлука наафтидани мардум рӯзноманигорон ва блогеронеро таъқиб мекунанд, ки иттилои онҳо хилофи мавқеи расмӣ ҳастанд", - гуфт раҳбари намояндагии RSF дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Жанна Кавеле рӯзи 30-юми апрел.

"Сӯистифода аз вазъи фавқулода озодии баёнро дар Қазоқистон хатчадор хоҳад кард. Ба ин кор бояд хотима бахшида шавад", - афзуд Кавеле.

Дар изҳороти созмон номи Заура Мирзохоҷаева, рӯзноманигор ва блогери чимкентӣ оварда шудааст, ки ҳафтаи гузашта барои як навиштааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба идораи пулис даъват ва 7 соат бозпурсӣ шуд.

Ба гуфтаи блогер, маъмурони пулис гуфтаанд, ӯро дар доираи парвандаи "паҳн кардани иттилои дурӯғ дар давраи вазъи фавқулода" бозпурсӣ мекунанд.

Қазоқистон дар гузориши солонаи Гузоришгарони бидуни марз (RSF), ки 21-уми апрел нашр шуд, дар миёни кишварҳои матбуоташон "ноозод" дар ҷаҳон мондааст. Ин кишвар дар "Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот - 2020" дар мақоми 157-ум аст.

XS
SM
MD
LG