Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вашингтон пост": "Ҳукумати Трамп машғули баррасии роҳҳои танбеҳи молии Чин аст"


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико зимни нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед.

Рӯзномаи "Вашингтон пост" рӯзи панҷшанбеи 30-юми апрел ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ гузориш дод, ки ҳукумати Доналд Трамп дар ҳоли баррасии роҳҳое барои муҷозоти Чин бинобар шеваҳои муборизаи ин кишвар бо паҳншавии коронавирус аст.

Ду мақоми огоҳ, ки нахостанд номашон фош шавад, ба ин рӯзнома гуфтаанд, мақомоти баландпояи ҳукумат дар ниҳодҳои мухталиф қарор аст дар бораи чораҳои эҳтимолӣ алайҳи Чин, аз ҷумла дархости ҷуброни молӣ, дидор ва табодули афкор намоянд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ахиран аз чораҳои Чин дар пешгирӣ аз паҳнавшии коронавирус ва ҳамчунин маълумотрасонии дуруст дар ин бора, интиқод кардааст. Вай ҳамчунин пештар Чинро ба пинҳонкорӣ дар бораи роҳҳои паҳнавшии ин вирус муттаҳам карда буд.

Тибқи ин гузориш, раиси ҷумҳури Амрико ва дастёронаш ба таври хусусӣ дар бораи берун кардани Чин аз қонуни масунияти ҳокимияти хориҷӣ, сӯҳбат кардаанд. Чунин иқдоме иҷоза медиҳад, ки ҳукумат ва шаҳрвандони амрикоӣ аз Чин дар додгоҳҳо хисорот талаб кунанд.

"Вашингтон пост" ба нақл аз коршиносони ҳуқуқӣ гузориш кардааст, чунин иқдоме аз сӯи ҳукумати Амрико бо чолишҳое рӯбарӯ хоҳад шуд ва ниёз ба ҳимояти Конгресс дорад. Ин рӯзнома дар идома навиштааст, ки коршиносон аз Доналд Трамп хостаанд, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Чин нақше асосӣ дар таъмини таҷҳизоти тиббӣ иҷро мекунад, то поён ёфтани бемории КОВИД-19, сабр кунад.

Як сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико дар посухи катбӣ ба "Вашингтон пост" навиштааст, ки дар хусуси баҳс дохили ҳукумат изҳори назар намекунад.

Доналд Трамп рӯзи душанбе дар ҷараёни нишасти хабарӣ гуфта буд, Амрико эҳтимолан дар пайи дарёфти чанд миллиард доллар ҷуброни молӣ аз Чин хоҳад буд ва гузинаҳои дигарро ҳам дар назар дорад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин гуфтааст, Амрико бояд бидонад, ки душмани коронавирус аст ва на Чин. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин дар идома гуфтааст, "ман дар бораи муҷозот ё посухгӯӣ борҳо гуфтаам, чунин изҳорот пояи қонунӣ надорад ва дар миқёси байналмилалӣ собиқа надоштааст".

Доналд Трамп ҳамчунин рӯзи гузашта дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории "Рейтерз" гуфт, шеваи муборизаи Чин бо паҳншавии коронавирус нишон медиҳад, ки Пекин даст ба ҳар коре мезанад, то ӯ дар интихоботи дарпешистодаи президентӣ дар моҳи ноябр, пирӯз нашавад.

Раиси ҷумҳури Амрико бо ишора ба ин, ки дар ҳоли баррасии гузинаҳои мухталиф барои бархӯрд бо Чин бинобар паҳншавии коронавирус аст, изҳор дошт, "корҳои зиёде метавонем анҷом диҳем".

Доналд Трамп Чинро барои паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон, ки танҳо дар ИМА боиси марги ҳади ақал 62 ҳазор нафар шуд ва иқтисоди ин кишварро дучори рукуд кард, гунаҳкор медонад.

Трамп, ки муттаҳам аст барои пешгирии ин вирус дар Амрико дер чораҳо рӯи даст гирифт, дар навбати худ мегӯяд, ки Чин бояд хеле зудтар аз ин ҷаҳонро дар мавриди коронавирус огоҳ мекард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG