Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи 6 шаҳрванди Қирғизистон барои нақзи карантини хонагӣ


Шаҳри Ӯши Қирғизистон.
Шаҳри Ӯши Қирғизистон.

Муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Мирлан Каниметов дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ иттилоъ дод, ки парвандаи 6 сокин барои нақзи карантини хонагӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, 8 шаҳрванди Қирғизистон барои қасдан вайрон кардани қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

"21 нафари дигар низ сеҳазорсомӣ (беш аз 35-долларӣ) ҷарима карда шуданд. Дар умум 36 шаҳрванд барои нақзи карантини хонагӣ муҷозот шуданд", - иттилоъ дод муовини вазир.

Мақомоти Қирғизистон дар пайи сирояти коронавирус вазъи фавқулода эълом карда, барои вайрон кардани қоидаҳои карантинӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG