Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Кӯлоб мепурсанд, шаҳр кай "дезинфексия" мешавад?


Поккорӣ дар шаҳри Хуҷанд
Поккорӣ дар шаҳри Хуҷанд

Бархе аз сокинони шаҳри Кӯлоб аз он нигаронанд, ки кӯчаву хиёбон ва маҳалҳои зисти мардум "дезинфексия" ва ё поккорӣ нашудааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, мақомот вуҷуди коронавируси навро дар кишвар тасдиқ карда, ба чораҳои пешгирӣ аз густариши он дастур доданд.

Баҳодур Сафаров, масъули "дезинфексия"-и шаҳри Кӯлоб, 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, корҳои безараргардонӣ аввал дар мактабу боғчаи кӯдакон ва масоҷид оғоз шуда, акнун навбат ба кӯчаву хонаҳои мардум расидааст.

"Пеш аз сафари нахуствазир Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб, кӯчаи Сайдалӣ Вализода, қароргоҳи президент, роҳҳои комбинати "Хонасозӣ" ва деҳаи Саричашмаро "дезинфексия" кардем. Ба воситаи телевизион ҳам нишон додем", - шарҳ дод ӯ.

Сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, телевизионҳои давлатӣ тайи чанд рӯз боз маъракаи безараргардонӣ дар Душанбеву Хуҷанд ва Бохтарро намоиш медиҳанд, вале аз "дезинфексия" дар Кӯлоб хабаре нест.

Суннатулло Содиқов, сокини ҷавони шаҳри Кӯлоб, гуфт, "мегӯянд, поккорӣ кардем, вале кӣ дидааст? Ман, рости гап, надидам. Ҳар бегоҳ аз назди бозор мегузарам, пур аз ахлоттӯда аст".

Худойдоди Ислом, сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, ночор худаш аз бозор маҳлули хлор харида, даромадгоҳи бинои зисташонро "дезинфексия" кард. "Ба хотири омадани нахуствазир шояд баъзе ҷойҳоро поккорӣ карда бошанд, аммо саросарӣ нест. Ин ҳолат хунукназарии мақомот аст. Онҳо ҷойҳои серодамро покиза намекунанд", - афзуд ӯ.

Як ҳафта боз кӯчаву хиёбонҳои Душанбеву Хуҷанд ва баъзе аз гӯшаҳои дигари кишварро шабона мошинҳо бо гипохлориди натрий ва муассисаҳоро бо абзори дастӣ аз микробу вирус пок мекунанд. Ин иқдомот бахше аз чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар кишвар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки коронавирус ба 15 шаҳрванди кишвар сироят кардааст. Даҳ нафар аз гирифторон дар Хуҷанд ва панҷ каси дигар дар Душанбе ҳастанд.

XS
SM
MD
LG