Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар Албания бо гумони терроризм


Полиси Албания ҳангоми амалиёти махсус. Акс аз бойгонӣ
Полиси Албания ҳангоми амалиёти махсус. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти амнияти Албания як тоҷикистонии 24-соларо бо гумони узвият дар созмони террористии Давлати Исломӣ (ДИ) боздошт карданд. Дар ин бора Бахши забонҳои югославии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Раёсати зиддитеррористии полиси Албания мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо Интерпол ва бо дархости мақомоти Олмон як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Тирона дастгир кардааст.

"Раёсати дар доираи фаъолияташ барои пешгирӣ аз терроризм, муайян ва дастгир кардани ашхоси дорои тамоюлҳои террористӣ ё аъзои созмонҳои марбута, инчунин дар натиҷаи мубодилаи маълумот бо шарикон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар дохил ва хориҷи кишвар, амалиётеро зери номи рамзии "Меҳмон" баргузор намуд", мегӯяд сухангӯи полиси Албания.

Бар пояи изҳороти ин мақомот, дар амалиёти мазру марди хориҷии 24-сола шиносоӣ ва боздошт шудааст.

"Ин шаҳрванд шахсе буд, ки аз ҷониби шуъбаи Интерпол дар Висбадени Олмон таҳти пайгарди байналмилалӣ эълон шудааст. Дархости ҳабси ӯро Суди федерол дар Карлсруэи Олмон рӯзи 24 апрели соли равон содир кардааст. Гумон: ширкат дар фаъоляити созмони террористии хориҷӣ, яъне гумони узвият дар чунин созмон ва омодагӣ ба ташкили ҳамлаи террористӣ дар қаламрави Олмон. Гумон меравад ин созмони террористӣ Давлати Исломӣ (ДИ) буда, ин нафар узви дастаест, ки бо амри созмон ба ҷиҳод дар кишварҳои Аврупо сафарбар шудааст," гуфта мешавад дар изҳороти полис.

Инчунин, дар баёния гуфта мешавад, ки аввалин маводи тафтишотӣ ба додситонии суди зинаи аввал дар Тирона фиристода шудааст, то заминаи истирдоди ин шаҳрванд ба Олмон тибқи муқаррароти қонун фароҳам оварда шавад.

Вакили нафари боздоштшуда барои шарҳи масъала дастрас нашудааст. Эҳтимол меравад, боздошти шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар Албания ба ҳабси 5 ҳамдиёри ӯ дар Олмон дар рӯзи 15 апрел рабт дошта бошад.

XS
SM
MD
LG