Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷир ва "гумонбар ба терроризм". Дар пайи боздошти 5 тоҷикистонӣ дар Олмон


Суннатуллоҳ К., яке аз тоҷикони боздоштшуда дар Олмон
Суннатуллоҳ К., яке аз тоҷикони боздоштшуда дар Олмон

Пайвандони Суннатулло К., як ҷавони тоҷик, ки ҳамроҳ бо чаҳор нафари дигар дар Олмон бо гумони тарҳрезии амали террористӣ боздошт шудааст, мегӯянд, ӯ ҳаргиз зери шубҳаи мақомоти Тоҷикистон ё пайгарди ҷиноӣ қарор надошт. Мақомоти Олмон 15-уми апрел эълон карданд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ ва қасди ҳамлаи террористӣ дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфалия боздошт кардаанд.

Додситонии ин кишвар аз онҳо Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К., Суннатуллоҳ K. ва Равшан Б. ном бурд. Мақомоти Олмон ҷузъиёти бештаре дар бораи ҳувияти онҳо надод. Радиои Озодӣ шахсияти яке аз боздоштшудаҳоро пурра маълум кард.

Тоҷир ва "гумонбар ба терроризм"

Таҳқиқи Радиои Озодӣ маълум кард, ки Суннатулло К.-ин сокини 24-солаи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон аст.

Як зани муҳоҷири тоҷик дар Рейни Шимолӣ нақл кард, ки ду сол пеш Суннатуллоро дар як маркази омӯзиши забони олмонӣ барои хориҷиён дида буд. Ин зан, ки ба далели ҳассосияти мавзуъ нахост номаш бурда шавад, гуфт, чун фаҳмид, ки ҷавон тоҷик аст, хост бо ӯ бештар шинос шавад.

"Ҳамон вақт гуфт, ки давраи забономӯзии "Б1"(омӯзиши миёнаи забони олмонӣ)-ро хатм кардааст ва боз мехоҳад, давом диҳад. Гуфт, аз маркази Мӯъминбодам, лекин рақамашро надод ва аз суолҳои ман хушаш намеомад. Гуфтам, ки фалониро аз маркази Мӯъминобод мешиносӣ, не гуфт. Ду-се бори дигар бо зану кӯдаконаш дар супермаркет дидам. Гуфтам ҳамшаҳрӣ, биё ба хонаи мо меҳмон шав, наомад. Мисли дигар тоҷикон ки дар ғарибӣ зуд бо дигар ҳамватанон унс мегиранд, рафтор надошт", - гуфт ӯ. Ин зан мегӯяд, хабари боздошти Суннатуллоро аз тоҷикони дигар шунидааст.

"Ҳамсари олмониаш исломро қабул кард ва номашро Оиша гузошт"

Мо падари Суннатуллоро дар ноҳияи Мӯъминобод пайдо кардем. Падари 60-солаи Суннатулло рӯзи 20-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан рӯзи панҷшанбе мақомоти амниятӣ ӯро дар бораи писараш пурсида ва гуфтаанд, ки дар Олмон боздошт шудааст, аммо далели боздошташро шарҳ надоданд. Ӯ нақл кард, ки писараш соли 2016 тариқи раводид ба Олмон рафт ва он ҷо монд.

Се сол пеш Суннатулло бо зани олмоние шинос шуд ва бо ӯ издивоҷ кард. Падараш мегӯяд, номи олмонии зан барояшон маълум нест, чун ӯ исломро қабул карда, номашро Оиша гузоштааст.

"Занаш дандонпизишкӣ мехондааст ва дар як клиника таҷрибаомӯз будааст. Дандони писарам дард мекунад ва ба он ҷо меравад. Ҳамон ҷо шинос мешаванд ва оила барпо карданд. Мусулмон шуд ва номашро Оиша гузошт. Мо ӯро Оиша ном мебарем ва намедонем, ки номи аслиаш чист",- гуфт падари Суннатулло

"Оиша" аз Суннатулло ду фарзанд дорад. Падари Суннатулло гуфт, ки се рӯз пеш як писараш бо келинаш сӯҳбат дошт. "Оиша" ба хонаводаи шавҳараш дар сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, ки пас аз соҳиби фарзанди дуюм шудан ҳукумати Олмон барояшон хона дод ва бояд ба он ҷо мекӯчиданд. Ӯ боздошти Сунатуллоро як иштибоҳ дониста, ба хонаводааш гуфтааст, ки "ҳама хуб мешавад ва ӯ озод мешавад".

Суннатулло, ба нақли падараш, аз Олмон қисмҳои эҳтиётии мошинҳои навъи "Опел" мефиристод ва таҷҳизоти фиристодааш дар Душанбе фурӯхта мешуданд.

Нурмуҳаммад М,, шарики тиҷоратии Сунатулло дар Душанбе ба зангҳои телефонии мо ҷавоб надод ва ҳамкорони мо ӯро дар ҷойи кораш пайдо накарданд.

"Террористон"-и ношинос

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз дар бораи боздоштшудаҳо ҷониби Олмон ҳеҷ иттилое ба онҳо надодааст. Як мақом дар сохторҳои дипломатӣ гуфт, ки Олмон дар посух ба муроҷиати онҳо гуфтааст, ки бе ризоияти боздоштшудаҳо ба мақомоти кишварашон иттилое дода намешавад.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон низ гуфтанд, исми Суннатулло К. ва дигар номҳое, ки дар изҳороти Додситонии Олмон омадааст, дар руйхати афроди таҳти пайгард нестанд ва онҳо низ ҳанӯз ҳувияти боздоштшудаҳоро пурра маълум накардаанд.

Радиои Озодӣ ҳамзамон маълум кард, ки Равшан Б., сокини шаҳри Душанбе ва Маҳмадалӣ Г., сокини ноҳияи Рӯдакӣ будаанд. Манобеи Радиои Озодӣ ҳеҷ иттилое дар бораи ин афрод рӯйи даст надоранд.

Падари Суннатулло мегӯяд, воқеан ҳеҷ гоҳ писараш мавриди шубҳаи мақомот қарор нагирифта буд. Вай ҳамчунин намедонад, ки писараш дар Олмон бо киҳо нишасту бархост доштааст ва Равашн Б.-ро намешинохтааст.

Ба навиштаи расонаҳои олмонӣ, санҷиши телефони мобилии Равшан Б. нишон дод, ки “эҳтимолан ӯ бо мақомоти баландпояи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурияву Афғонистон дар тамос буд ва онҳо ӯву ҳамкоронашро барои анҷоми ҳамлаҳо дар Олмон ташвиқ кардаанд”. Дар як пайғоми телефонӣ фармондеҳи ДОИШ аз Сурия гуфтааст: “Бо хости худо, дар минтақае, ки ҳастед, ҷиҳод бикунед”. Муфаттишон аз телефони Равшан Б. дарёфтанд, ки ӯ “зоҳиран ба раҳбари онвақтаи ДОИШ Ал-Бағдодӣ байъат кардааст”.

Дар телефони Равшан Б. гурӯҳи дигари тамос ошкор шудааст, ки тарзи таҳияи бомба ва фармоиши васоили машкук тавассути интернет, мисли “танзимгари фишори газ ва ширеши кафшерӣ”-ро машварат медод. Тафтишот инчунин ошкор кард, ки ин мардон дар паи ду иншооти низомии ИМА, аз ҷумла фурудгоҳи Гейленкирхен дар наздикии Аахен ҷосусӣ кардаанд. Ҷузъиёти дигари тафтишот ин аст, ки зани яке аз гумонбарон, ки “диндор будааст”, ба як мактаби омӯзиши парвозҳо тавассути параплан дар Битбург занг зада хостааст дар он ҷо дарс хонад, вале баъдан аз ин нияташ даст кашидааст. Муфаттишон гумонбар шудаанд, ки шояд яке аз нақшаҳои ин гурӯҳ ҳамла тавассути парвози параплан будааст, менависад нашрияи олмонӣ. Дар ин матлаб омадааст, ки Равшан Б. дар боздошти пешакӣ ба сӯҳбат шурӯъ кардааст.

Боздоштшудаҳо панҷ вакили дифоъ доранд

Мақомоти Олмон мегӯянд, парвандаи Суннатулло К. ва дигар ҳамроҳонаш таҳқиқ мешаванд. Маркус Шмитт, сухангӯи Додситонии кулли Олмон рӯзи 17 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки боздоштшудаҳо дар ҳабси пешакианд ва агар делели кофӣ барои эълони айб пайдо нашавад, қарори озод шудани онҳо содир хоҳад гашт.

Ӯ ба навъе тасдиқ кард, ки бидуни хоҳиши боздоштшудаҳо ба ҷониби Тоҷикистон маълумот дода наметавонанд ва афзуд, ҳоло ҳар кадоме аз ин панҷ боздоштшуда вакили дифои худро дорад.

Мақомоти Олмон гуфтанд, ки як аъзои ин гурӯҳ - Равшан Б.-ро ҳанӯз моҳи март боздошт карда буданд. Точиконе, ки дар Олмон Равшанро мешинохтанд, аз сӯҳбати бештар дар бораи ӯ худдорӣ карданд. Танҳо гуфтанд, ки ӯ қаблан дар Русия муҳоҷир буд ва аз он ҷо вориди Олмон шудааст.

Маркус Шмитт, сухангӯи Додситонии кулли Олмон мегӯяд, Равшан Б. нақшаҳои ҳамларо то замони боздошташ тарҳрезӣ карда буд. "Ӯ як узви гурӯҳ аст. Ӯ нақшаи ҳамлаҳояшро то замони боздошташ таҳия карда буд. Мо чунин иттилоъ надорем, ки баъди боздошт ӯ бо аъзои гурӯҳ дар тамос буд. Боздоштшуда аз январи соли 2019 бо телефони мобилаш ба ҷамъоварии маблағ машғул буд ва миёнаҳои моҳи март Равшан Б. боздошт шуд. Яъне тамоми иттилои марбут ба фаъолияти ҷиноӣ аз январ то моҳи марти соли 2019-ро дар бар мегирад.", гуфт Маркус Шмитт.

"Равшан бо 40 ҳазор доллар тоҷиреро куштанӣ буд"

Вебсайти нашрияи мӯътабари олмонии Der Spiegel дар таҳқиқи бештари ин қазия аз қавли муфаттишон рӯзи 17 апрел бархе аз ҷузъиёти дигари парвандаи тоҷикистониҳои боздоштшударо нашр кард. Ин матлаб мегӯяд, ки Равшан Б. моҳи январи сола 2019 аз нафаре, ки бо шумораи телефонии Шведсия занг зад, фармоиши куштори соҳибкореро дар Албания дарёфт кард. Кушторе, ки аз ҷониби ин паноҳҷӯи тоҷик дар Олмон 40 ҳазор доллар нархгузорӣ ва боиси сафар ба Албания шуд, ба навиштаи ин расона, бо сабаби ин ки иҷрокунандаҳо натавонистанд симои қурбонии ин кушторро дуруст бишиносанд, анҷом дода нашуд.

Нашрия мегӯяд, Равшан Б.нисфи пули подоши кушторро мехост ба “бародарон” ва ё гурӯҳи“Давлати Исломӣ” дар Сурия ирсол карда, нисфи дигарашро“зоҳиран барои худ ва шариконаш дар Олмон” барои “нақшаҳои азим” нигаҳ бидорад. Нашрияи олмонӣ мегӯяд, ки давоми тахминан якуним сол комиссиюни вижаи иборат аз 20 узв ин қазияро таҳқиқ карда, ниҳоят ба хулосае омаданд, ки чаҳор шарики дигари Равшан Б. низ бояд боздошт шаванд.

Нашрияи олмонӣдар бораи Равшан Б. мегӯяд, ӯ дар ин гуруҳ нақши масъули тамосҳо бо “Давлати Исломӣ”-ро амалӣ мекард. Дар идома нашрия мегӯяд, муфаттишон дар ҷараёни таҳқиқ дарк кардаанд, ки то ҳол таҷрибаи кор ва ошкоркунии гумонбарони терроризм аз Тоҷикистонро надоштанд ва “дар аввал пайдо кардани тарҷумон барои ташхиси мукотибаву сӯҳбатҳои телефонӣ мушкил буд. Дар миёни аъзои ДОИШ дар Сурия тоҷикон зиёд ҳастанд”.

Дар бораи ин ки чигуна муфаттишон тавонистанд аз вуҷуди ин гурӯҳ огаҳ шаванд, Der Spiegel аз қавли мақомоти ҳифзи қонуни олмонӣ мегӯянд, ки декабри соли 2018 афсарони полис ба гуфтугӯҳои телефонии марде аз Менхенглабдах гӯш дода, онро хатарнок дарёфтанд ва баъди ин иртиботи машкуки миёни афроди баргашта аз Сурия ва шиносҳои турки онҳоро ошкор карданд. Дар ин гуфтугӯҳо мардон дар бораи таъсиси “тими футбол” сӯҳбат мекарданд, ки онҳоро “ба шаҳодат мерасонад”. Таҳқиқи сабтҳо нишон дод, ки сӯҳбат аз нақшаҳои террористӣ буда, дар чаҳорчӯби ин таҳқиқот шабакаи “тоҷикони мутаассиб” ва Равшан Б. ошкор шуд.

"Ҳукумат аз ин ҳодиса истифода мекунад?"

Ҳодисаи боздошти тоҷикон бо гумони узвият дар гурӯҳи тундрави ДОИШ ва тарҳрезии амали террористӣ дар кишваре рух дод, ки мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон аксаран дар он ҷо паноҳҷӯ ҳастанд.

Масъулини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтанд, ки боздоштшудаҳо аъзои ҳизб ва ё ҳаводорони онҳо нестанд. Сӯҳроб Зафар, раҳбари ҳаракати дар Тоҷикистн мамнӯи "Гурӯҳи 24" гуфт, чанд моҳ пеш руйхати аъзои созмонро ба ҳукумати Олмон супорида буд ва боздоштшудаҳо рабте ба онҳо надоранд.

Бо ин вуҷуд, Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳукумат метавонад аз ин ҳодиса барои чеҳраи мухолифони сиёсиашро дар Аврупо сиёҳ кардан истифода кунад. "Аммо ин иштибоҳи бузурге мешавад, чунки кор на зидди душманони ҳақиқӣ бурда мешавад, балки бар зидди шабаҳе, ки дар охир ба як фоҷеаи ногуфтанӣ меоварад. Дар ин ҷо бояд як таҳқиқу набарди беамон бар зидди душманони миллат бурдан лозим аст, на бар зидди шабаҳе,"- гуфт ӯ.

Коршиноси тоҷик мегӯяд, боздошти ин гурӯҳ нишон дод, ки ҳанӯз бахшҳои ДОИШ дар кишварҳои гуногун вуҷуд доранд ва барои амал кардан фурсатро интизоранд.

Аз ин пеш дар Олмон шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони узвият дар гурӯҳи тундрави ДОИШ боздошт шуда буд. Тобистони соли 2016 мақомоти Олмон Маҳмадсаид Саидов, як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карда буданд. Додситонии федеролии Олмон он замон гуфта буд, ки Маҳмадсаид С. соли 2015 дар Раққаи Сурия дар сафи гурӯҳи тундрави "Далвати исломӣ" қарор доштаааст.

Бар асоси иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ наздики 2 ҳазор нафар рафтааст. Теъдоди кушташудаҳо ва боздоштшудаҳо пурра дақиқ нест. Аз ин рӯ, Ҳодизода мегӯяд, эҳтимол аъзои зиндамондаи ДОИШ бо ному насаби дигар дар кишварҳои амн қарор дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG