Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Узбекистон карантинро сабуктар мекунад

Шавкат Мирзиёев дар оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Бухоро, 28 апрели 2020.

Мақомоти Узбекистон тасмим доранд, ки маҳдудиятҳои карантинро сабуктар кунанд. "Ба сокинон иҷозат мешавад, ки аз мошинҳои шахсӣ истифода карда, бо кӯдакон дар наздикии ҷои зист ба гашту гашту гузор бароянд",-гуфт президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев.

Рондани мошини шахсӣ дар соатҳои муайян: субҳ аз соати 7 то 10 ва бегоҳ аз соати 5 то 8 барои рафту омад ба коргоҳ, муассисаи тиббӣ ва ё дорухонаву мағоза иҷозат аст.

Президенти он кишвар ҳамзамон интиқол додани маҳсулоти кишоварзиро байни вилоятҳо ва шаҳрҳо иҷозат дод. Сабзавот, мева ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро метавон, барои фурӯш ба ярмаркаву бозорҳо расонид.

"Бо назардошти вазъи санитариву беҳдоштӣ, вазъи боду ҳаво ва муроҷиати бешумори мардум гашту гузор бо кӯдакон ҳам иҷозат дода мешавад",-хабар доданд расонаҳо аз қавли президенти Ӯзбекистон.

Бино ба омори расмӣ, дар Узбекистон 1969 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз ин теъдод 1066 кас шифо ёфта, 8 тан фавтидааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Қазоқистон бештари гузаргоҳҳои марзиро бо Қирғизистон боз кард

Марзи Қазоқистон ва Қирғизистон.

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз тартиби нави убури марз бо Қазоқистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, 17 январ гузаргоҳҳои марзии Қазоқистон ба убури шаҳрвандони Қирғизистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ иҷоза доданд.

Мошинҳои боркаш ҳоло танҳо аз се гузаргоҳ: "Оқ-Тилек", "Чалдибар" ва "Чон-Капка" иҷозаи убур доранд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, вазъ дар гузаргоҳҳо муътадил буда, ҷамъшавии мошинҳову одамон мушоҳида намешавад

Ҷониби Қазоқистон марз бо Қирғизистонро рӯзи 7 январ баста буд.

Созмони Милал гуфт, Толибон занонро аз ҳама соҳаҳо дур мекунанд

Эътирози занон дар Кобул

Як гурӯҳи 36-нафарии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аз “кӯшишҳои пайваста”-и Толибон барои берун кардани занон аз ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Толибон моҳи августи соли гузашта дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, вале то ҳол ҳеч кишваре “аморати исломӣ”-и онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Ин гуруҳ дар рӯзҳои аввали ҳокимияташ фаъолияти занонро дар аксар бахшҳо манъ кард, таҳсили духтаронро пас аз синфи шашум номумкин гардонд ва дастур дод, занон танҳо ба кӯча набароянд.

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 17-уми январ дар эъломияе ин сиёсатҳоро “ҷазои дастҷамъии занон ва духтарон дар Афғонистон” хонданд.

“Ин сиёсатҳо, ҳамчунин, ба қобилияти кор ва пешбурди рӯзгори занон таъсир расонда, онҳоро боз ҳам ба фақр тела дод. Бахусус заноне, ки нигоҳубини хонаводаро ба уҳда доранд, сахт осеб диданд,” – гуфта шудааст дар эъломия.

Толибон ҳанӯз ба изҳороти коршиносони СММ вокунише нишон надодаанд, вале қаблан гуфтаанд, ки ҳуқуқи занону духтаронро дар чаҳорчӯби ислом ва анъанаҳои афғонӣ муроот мекунанд.

Ҳафтаи гузашта созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) низ аз бад шудани вазъи ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон ҳушдор дод.

Шуморе аз занон рӯзи якшанбе, 16-уми январ, дар Кобул алайҳи ҳиҷоби иҷборӣ ва маҳуддяити гаштугузори занон тазоҳурот карданд.

Дар Туркманистон қарздорон аз алимент хун месупоранд

Ишқобод, моҳи декабри 2021

Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон шаҳрвандонеро, ки аз ҳисоби алимент қарздор ҳастанд, ҳар моҳ маҷбур мекунанд, то 600-граммӣ хун супоранд.

"Додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Лебап шаҳрвандони қарздор аз ҳисоби алиментро вазифадор мекунанд, то сарфи назар аз ҳаҷми қарзашон ҳар моҳ аз 300 то 600 грамм хун супоранд. Онҳо шаҳрвандонро маҷбур мекунанд, ки ба ин восита қарзи худро пардозанд. Ин иқдом бо дастури раиси додгоҳи вилоят анҷом дода мешавад," -- гуфтааст як корманди додгоҳи Лебап дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, қарздорони алимент дар вилоят чандин ҳазор нафаранд ва бештари онҳо ҷойи кор надоранд.

Манбаъ гуфтааст, мақомоти Лебап ба ин хотир иқдомро рӯи даст гирифтаанд, ки соли гузашта танҳо 10 дарсади шикояти шаҳрвандон роҷеъ ба напардохтани андоз қонеъ карда шудааст.

"Oxfam": Сарватмандони бузург дар замони пандемия сарватмандтар шудаанд

Акс аз бойгонӣ

Созмони бритониёии "Oxfam" мегӯяд, дороиҳои даҳ сарватманди ҷаҳон аз оғози пандемияи COVID-19 ду баробар афзуда, ба 1 триллиону 500 миллиард доллар расидааст.

Ҳамзамон тахмин зада мешавад, ки бемории ҳамагир беш аз 160 миллион нафарро дар ҷаҳон ба фақр гирифтор кардааст.

Муассисаи хайриявии "Oxfam" инро дар гузорише рӯзи 17-уми январ дар остонаи баргузории Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ нашр кард. Нишасти маҷозӣ ё онлайнии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ин ҳафта баргузор мешавад.

Таҳиягарони гузориш мегӯянд, "хушунатҳои иқтисодӣ" замоне ҷорӣ мешавад, ки гузинаҳои сиёсатҳои сохторӣ танҳо барои сарватмандон ва қудратмандон анҷом шавад. Ба гуфтаи гузориш, ин мустақим барои ҳама (фақирон, занон ва духтарон) бештар садама мезанад.

Гузориш дар идома мегӯяд, нобаробарӣ ба хотири адами дастрасӣ ба муроқибатҳои тандурустӣ, хушунат бар асоси ҷинсият, гуруснагӣ ва тағйири иқлим, боиси марги 21000 нафар дар як рӯз мешавад.

Гузориш ҳамчунин хоҳони ҷорӣ кардани андоз ё молиёти бештар ба миллиардерҳо ва кишварҳои сарватманд шудааст, ки бар асоси он холигоҳи камбуди ваксина дар кишварҳои фақир ҳам пур шавад.

Тоқаев бародарзодаи Назарбоевро аз мақом барканор кард

Нурсултон Назарбоев ва Самат Абиш. Акс аз бойгонӣ

Самат Абиш, бародарзодаи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз мақоми муовини раиси Кумитаи амнияти миллии он кишвар барканор шудааст. Фармони барканории ӯро президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 17-уми январ имзо кард.

Тимур Қулибоев, яке аз домодҳои бонуфузи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, низ рӯзи 17-уми январ хабар дод, ки аз мансаби раиси "Отамакон", палатаи миллии соҳибкорон, меравад.

Аз он пеш, рӯзи 15-уми январ, ду домоди дигари Назарбоев гуфтанд, ки аз раҳбарии ширкатҳои газу нафти Қазоқистон истеъфо додаанд. Сабабаш маълум нест.

Нурсултон Назарбоев се даҳсола раёсати ҷумҳури Қазоқистонро ба уҳда дошт. Вай соли 2019 аз мансаб истеъфо дод, вале ҳузури худро дар қудрат ҳифз кард.

Раҳбари собиқи 81-сола аз замони сар задани тазоҳурот ва беназмиҳо дар Қазоқистон дар назди мардум ҳозир нашудааст. Дар куҷо ва дар чӣ вазъ будани ӯ маълум нест.

"Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC бо киҳо рӯбарӯ мешавад?

Акс аз бойгонӣ

Аз рӯи натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022, ки 17-уми январ, дар Куала-Лумпури Малайзия доир гардид, «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Ал-Райян» (Қатар), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ) рақобат мекунад.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар шакли мутамарказ баргузор мешаванд.

Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гуруҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.

Дар сурати ба плей-офф роҳ пайдо кардан, «Истиқлол» бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳад кард.

Натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилал» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ).

Гурӯҳи «В»: «Ал-Ҷазира» (Иморот), «Ал-Шабоб» (Арабистони Саудӣ), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон), «Эйр Форс» (Ироқ).

Гурӯҳи «С»: «Фулод Хуҷистон» (Эрон), «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот), «Аҳал» (Туркманистон), «Ал-Ғарафа» (Қатар).

Гурӯҳи «D»: «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Сипоҳон» (Эрон), «Пахтакор» (Узбекистон), ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Таавун» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Ҷаиш» (Сурия).

Гурӯҳи «Е»: «Ал-Садд» (Қатар), «Ал-Файсалӣ» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти плей-офф «Банияс» (Иморот) – «Насаф» (Узбекистон).

Аз ҳабси шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон баъди маргаш огаҳ шудаанд

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷасади шаҳрванди Қирғизистон Худойбердӣ Бекмуродовро, ки дар яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон фавтидааст, ба зодгоҳаш бурдаанд.

Муовини намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Маруфхон Туллоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, мақомоти маҳаллии вилоят хабар надоштанд, ки Бекмуродов бо гумони ғайриқонунӣ гузаштан аз марз дар Тоҷикистон зиндонӣ шуда буд.

Ба гуфтаи Туллоев, мақомоти қирғиз танҳо баъди он огаҳ шуданд, ки писари Бекмуродов аз онҳо барои интиқоли ҷасади падараш аз Тоҷикистон ба ватан дархости ёрӣ кард.

"Наздиконаш боре муроҷиат накарданд, ки Бекмуродов дар Тоҷикистон дастгир шудааст. Ба гуфтаи онҳо, Бекмуродов 29-уми апрели соли 2021 дастгир гаштааст.

"Мо ҳоло ин иттилоъро месанҷем. Бекмуродов қаблан бо хонаводаи худ дар шаҳри Конибодоми Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Марҳум шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон буд," -- афзудааст Туллоев.

Бино ба хабарҳо, сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нота ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар дархост кардааст, ки дар "таҳқиқи воқеъбинонаи марги шаҳрванди Қирғизистон мусоидат намояд". Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шарҳе надодаанд.

Худойбердӣ Бекмуродов, соли таваллудаш 1953, дар маҳбаси рақами 6-и Тоҷикистон муҳлати ҷазои худро адо мекардааст.

Рақибони бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC-2022 муайян шуданд

Бозигарони дастаи "ССКА" ва "Хуҷанд". Акс аз соли 2019

Рақибони бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон – “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш”-и Душанбе - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 бар асоси қуръакашӣ, ки имрӯз, 17-уми январ, дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала Лумпур – доир гардид, муайян шуданд.

Мисли соли гузашта дар Ҷоми AFC дар минтақаи Марказӣ ду гурӯҳ – як гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ва гурӯҳи дигар иборат аз се даста – ташкил шуданд.

Ноиби қаҳрамони Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоми кишвар -«Хуҷанд» - ба гурӯҳи «F» дохзил шуд. Рақибони “Хуҷанд” бошгоҳҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Копетдоғ” (Туркманистон) мебошанд.

Дастаи нави Ҷоми AFC – КМВА-и Душанбе - дар гурӯҳи «Е» бозӣ мекунад. Барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон бо бошгоҳҳои «Насаф» ё «Суғдиён» (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) рақобат хоҳад кард.

Дастаҳои беҳтарини гурӯҳҳо дар финали минтақавии Ҷоми AFC-2022 бозӣ мекунанд, ки ғолиби он ба даври навбатии мусобиқот роҳхат мегирад ва соҳиби 100 ҳазор доллари ИМА мешавад.

Бояд гуфт, ки агар дастаи «Насаф»-и Қаршӣ ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 роҳ ёбад, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Узбекистон – “Суғдиён”-и Ҷиззах - дар Ҷоми AFC-2022 ширкат хоҳад кард. Агар «Насаф» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ наёбад, иштироки худро дар Ҷоми AFC-2022 идома хоҳад дод.

Ҷоми AFC-2022

Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «Е»: «Насаф» ё «Суғдиён» (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «F»: «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдоғ» (Туркманистон).

Тимур Қулибоев, домоди дигари Назарбоев ҳам истеъфо дод

Тимур Қулибоев ва Динора Қулибоева

Тимур Қулибоев, яке аз домодҳои бонуфузи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз мансаби раиси "Отамакон", палатаи миллии соҳибкорон, истеъфо дод. Изҳороти ӯ рӯзи 17-уми январ дар вебсайти созмон нашр шуд.

Қулибоев аз соли 2013 ин вазифаро ба дӯш дошт. Ӯ гуфтааст, натиҷаи асосии кораш дар ин мақом "танзими муколамаи доимии соҳибкорон ва ҳукумат" буд ва, ба иддаои ӯ, "ҳадаф амалӣ шудааст".

Домоди президенти пешин дар садри феҳрасти даҳ соҳибкори бонуфузтарин ва дар панҷгонаи соҳибкорони сарватманди Қазоқистон мебошад. Ҳамсараш Динора Қулибоева – духтари миёнаи Назарбоев – дар рӯйхати Forbes Kazakhstan дар ҷойи панҷум аст. Дороии онҳо дар моҳи майи соли 2021 ду миллиарду нуҳсад миллион доллар ҳисоб шуда буд. Forbes мегӯяд, дар пайи эътирозҳои моҳи январ дар Қазоқистон, сарвати Қулибоевҳо 200 ҳазор доллар кам шудааст.

Ин хабар дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми январ ду домоди дигари Назарбоев аз мақомҳои раҳбарӣ дар ширкатҳои нафту гази Қазоқистон истеъфо доданд.

Димаш Досанов, шавҳари Алия аз мақоми мудири "КазТрансОйл" ва Кайрат Шарифбоев, ки ӯро шавҳари Дариға Назарбоева меноманд, аз мақоми мудири "Казахгаз" канор рафтанд. Сабаби истеъфои домодҳо гуфта намешавад.

Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, дар эҷоди вазъи эътирозӣ дар кишвар ҳукумат ва ширкатҳои миллии нафтии "Казахгаз" ва "КазМунайГаз" гунаҳкоранд.

Рӯзи 2-юми январ бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ дар Жанаозен, ғарби Қағоқистон, эътирозҳо шуруъ шуд ва тадриҷан тамоми кишварро фаро гирифт. Мақомот иддао карданд, ки ба шаҳри Алмаато "20 ҳазор террорист ҳамла кардааст", аммо баъдан ВКД гуфт, манзури мақомот шумори умумии иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ аст.

Тоқаев бо ин баҳона ба СПАД (ОДКБ) муроҷиат кард ва мадади низомӣ хост. Рӯзи 6-уми январ садҳо нирӯи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, вориди Қазоқистон шуданд. Ҳарбиёни паймон гуфтанд, вазифаашон аз таъмини амнияти муассисаҳои стратегӣ иборат буд.

Тоқаев рӯзи 10-уми январ дар ҷаласаи онлайнии СПАД гуфт, ҳодисаҳои охири Қазоқистон "талоши табаддулоти давлатӣ" бо иштироки "террористон, аз ҷумла, террористон аз хориҷа" буд.

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, то ин дам наздик ба 10 ҳазор нафар дастгир шудаанд. 550 парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла 44 парванда дар робита бо амалҳои террористӣ ва 15 парванда аз рӯи моддаи куштор мавриди таҳқиқ будааст.

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 15-уми январ гуфт, дар эътирозҳо на камтар аз 225 нафар кушта шуда, 19 нафари онҳо кормандони сохторҳои қудратӣ ҳастанд. Канат Таймерденов, сардори пулиси шаҳри Алмаатои Қазоқистон, рӯзи 16-уми январ гуфт, дар ҳодисаҳои аввали моҳи январ аз миёни шаҳрвандон 149 кас ва аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ 11 кас кушта шуданад.

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз мақомоти Қазоқистон хост, ҳодисаҳои марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, "истифодаи нирӯ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ" мунсифона таҳқиқ шаванд.

Котиби пешини Шӯрои амнияти Қирғизистон дубора ба бозпурсӣ даъват шудааст

Адахон Мадумаров

Адахон Мадумаров, вакили порлумон ва раиси ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро дар Додситонии кулли Қирғизистон дубора бозпурсӣ мекунанд.

Мадумаров бори дувум дар робита ба имзо шудани санаде дар бораи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар соли 2009 бозпурсӣ мешавад. Вай он замон котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буд.

Сиёсатмадори қирғиз бори аввал 14-уми январи имсол бозпурсӣ шуда буд. Вай баъди берун шудан аз Додситонии кулли Қирғизистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, бозпурсӣ ба фаъолиятҳои сиёсияш рабт дорад.

"Соли 2019 роҷеъ ба марз парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Дертар онро баъди омӯзиши дақиқ қатъ кардаанд. Моҳи декабри соли гузашта тафтиши парванда дубора оғоз шудааст," - гуфт Мадумаров.

Дар нишасти хабарии 23-юми октябри соли 2021 Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, ҳангоми шарҳи масоили марзӣ бо Тоҷикистон, аз Адахон Мадумаров ёд кард.

Ҷабборов гуфт, "дар ҳалли масъалаи марзӣ бо Тоҷикистон мушкили зиёдро санаде эҷод мекунад, ки аз сӯи котиби вақти Шӯрои амният Адахон Мадумаров дар мавриди минтақаи Торт-Кочо имзо шудааст".

Мадумаров дар навбати худ изҳороти Ҷабборовро рад ва ёдовар шуд, ки санади имзошудаи вай вазни ҳуқуқӣ надорад.

Amnesty International хост, Навалнийро озод кунанд

Лос-Анҷелес. 17-уми январи 2022. Муҳоҷирони рус ба тарафдорӣ аз Навалний раҳпаймоӣ карданд

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз ҷаҳониён хост, озодии сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Навалнийро талаб кунанд, то “маъракаи бесобиқаи саркӯбу интиқомҷӯиҳо” поён ёбад. Изҳороти созмон 17-уми январ нашр шуд. Соле пеш, дар ин рӯз, Навалний ҳангоми бозгашт аз Олмон дастгир ва дертар ба ҳабс маҳкум шуд.

Мари Струзерс, раиси умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Amnesty International, дар изҳороте гуфт, мунтақиди Кремлин, тарафдорони ӯ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандии Русия бо як саркӯби бесобиқа рӯбарӯ шудаанд.

Струзерс мегӯяд, “даҳҳо ҳамкору ҷонибдори Навалний бо иттиҳомҳои ноодилона рӯбарӯ шуда, шумори афзояндаи онҳо аллакай дар зиндон мебошанд”. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Русия ба ин афроду созмонҳо “тамғаи экстремистӣ зада, вебсайтҳои онҳоро ҳам бастаанд”.

Дар давоми як соли охир бисёре аз ҳамкорону наздикони Навалний аз тарси таъқибҳои сиёсӣ кишварро тарк кардаанд ва ҳоло аз сарнавишти наздиконашон, ки дар Русия мондаанд, нигарон ҳастанд. Струзерс мегӯяд, “бо гузашти як сол аз ҳабсу ҳукми зиндони Навалний бисёре аз тарафдорони ӯву фаъолони сиёсӣ дар як даҳшате ба сар мебаранд”.

Алексей Навалнийро рӯзи 17-уми январи соли 2021 дар фудугоҳи Шереметевои шаҳри Маскав, баъди бозгашташ аз Берлин боздошт карда, бо иттиҳоми ин ки ҳукми ҳабси шартиро вайрон кардааст, ба дувуним сол зиндон ҳабс карданд.

Худи Навалний ва вакилонаш гуфтанд, замони муолиҷа дар Берлин мақомотро дар бораи дар куҷо буданаш огоҳ карда буданд. Худи Навалний гуфтааст, амри заҳролудкунии ӯро президенти Русия Владимир Путин додааст. Кремлин даст доштанашро дар ин қазия рад кардааст.

Нархи тарбия дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон боло рафт. ВИДЕО

Нархи тарбия дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон боло рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Аз моҳи январи имсол пардохти ҳармоҳаи хонаводаҳо барои тарбияи тифлашон дар кӯдакистонҳои давлатӣ тақрибан даҳ дарсад боло рафт.

Акнун волидоне, ки фарзандони хурдсолашонро ба боғчаи бачагона медиҳанд, бояд ба ҷойи 120 сомонии пешина 128 сомонӣ ва дар ноҳияҳои дурдаст ба ҷойи 60 сомонии қаблӣ 64 сомонӣ супоранд. Чанде аз сокинон мегӯянд, нархнома дар бисёре аз кӯдакистонҳо то 20 ё 30 дарсад болотар аст.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон омода нашуданд, масъаларо шарҳ диҳанд, аммо як масъули ниҳод гуфт: "Ин бар асоси қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст."

“Ман ба ин хеле назари манфӣ дорам. Бояд музди миёнаи сокинонро ба назар бигиранд. Бисёриҳо бо ин сабаб имкон надоранд, фарзандони худро ба кӯдакистон бидиҳанд. Бояд ҳалли ин масъаларо андешид,” – гуфт яке аз сокинон.

Баланд рафтани нархи хидматрасонии кӯдакистонҳоро баъзе ба сатҳи таваррум ва бархеи дигар ба болоравии нархи маҳсулот пайванд медиҳанд. Гуруҳе ба ин назаранд, ки шояд афзоиши маоши омӯзгоронро ба ин шева ҷуброн кунанд.

Дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақали коркунони давлатӣ 400 сомонӣ ва сатҳи миёнаи он 1300 сомонист. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи декабр гуфт, ҳадди ақалли маошро шашсад сомонӣ таъин мекунанд.

Шавкат Ҳошимов, сокини Хуҷанд, мегӯяд, “агар бо ин шакл хидматрасонии фарзандону наберагонро дар кӯдакистонҳо нағз кунанд, гармӣ ва хӯроквориашро хуб таъмин кунанд, мо розӣ ҳастем. Дигар шикоятамон нест”.

Коршиносони соҳа ва масъулони маориф мегӯянд, пардохтҳои оилаҳо барои бо се маҳал бо хӯрок таъмин кардану таълим додани кӯдакон ночиз аст ва сатҳи хидматрасонии кӯдакистонҳоро бисёриҳо ба ҳамин хотир паст арзёбӣ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ба ҷуз ин, аз буҷаи ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ маблағи изофӣ ҷудо мегардад. Вале баъзе аз волидон мегӯянд, дар баъзе кӯдакистонҳо ғайрирасмӣ маблағи иловагӣ талаб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинон мегӯянд, нархи кӯдакистонҳои хусусӣ бамаротиб баландтар аст ва бо афзоиши нархи кӯдакистонҳои давлатӣ аз эҳтимол дур нест, ки боз он боло бурда шавад. Дар Тоҷикистон ҳудуди 700 муассисаи томактабии давлатӣ фаъолият мебарад ва дар он беш аз 100 ҳазор кӯдак фаро гирифта шудаанд.

Мақомот: Дар Алмаато 149 кас кушта шуд, "шахсони ношинос" беш аз 40 ҷасадро рабуданд

Бинои шаҳрдории Алмаато пас аз беназмиҳо. 12-уми январи 2022

Канат Таймерденов, сардори пулиси шаҳри Алмаатои Қазоқистон, рӯзи 16-уми январ гуфт, ки дар ҳодисаҳои ибтидои моҳи ҷорӣ чанд кас кушта шудааст.

"Миёни шаҳрвандон 149 кас кушта шудааст. Аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ 11 кас," -- гуфт Таймерденов. Вай хабар надод, ки аз тирҳои дайду чи теъдод аз сокинони осоишта кушта шудаанд.

Пештар аз ин, Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, дар саросари он кишвар дар умум 225 кас кушта шудааст. Ин нахустин иттилои расмӣ аст, ки додситонӣ онро "иттилои ибтидоӣ" номид.

Таймерденов рӯзи 16-уми январ ҳамчунин аз ҳафт ҳамла ба сардхона ё мурдахонаҳои шаҳри Алмаато хабар дод, ки ба гуфтаи вай дар рӯзҳои бетартибӣ сурат гирифтааст.

"Ҳамлаҳоро одамони аз қабл омодагӣ дида анҷом додаанд, ки силоҳро хуб кор мефармуданд ва услубҳои ҷангро медонистанд. Онҳо маҷруҳону кушташудаҳоро бо худ бурдаанд, ки шумораашон ба 41 мерасад," -- афзуд Таймерденов.

Ба гуфтаи сардори пулис, ҳамлагарон ҷасадҳоро аз бинои пулис низ бо худ бурдаанд.

Рӯзи 5-уми январ дар шаҳри Алмаато чанд ҳазор эътирозгар дар майдони «Республика» ҷамъ шуда, бинои ҳукуматро ғасб карданд. Ҳамон шаб фурудгоҳи шаҳри Алмаато низ ғасб шуд. Шаби 6-уми январ ғоратгарон фурӯшгоҳу бонкҳо ва муассисаҳои дигарро ғорат кардаву чанд мошинро оташ заданд.

Аз ҳабси Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати Русия, як сол гузашт

Алексей Навалний, 17-уми январи 2021

Як сол пеш, рӯзи 17-уми январи 2021, мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний баъди муолиҷа аз Олмон ба Маскав баргашт. Вай дар Олмон аз заҳролудшавӣ муолиҷа гирифта буд.

Ҳавопаймои ҳомили Навалний мебоист, дар фурудгоҳи Внуковои Маскав нишинад ва ба пешвози вай бештар аз 5 ҳазор кас ба фурудгоҳ рафта буд. Аммо дар лаҳзаҳои охирин ҳавопайморо ба фурудгоҳи Шереметово бурданд ва Навалний ҳангоми гузаштан аз марз дастгир шуд.

Нахуст ӯро ба ҳабс гирифтанд ва баъдан дар доираи парвандаи ҷиноии марбут ба соли 2014 зиндонӣ карданд.

Ҳабси Навалний дар ҳамаи шаҳрҳои Русия эътирозҳоро ба бор овард. Ин гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳо боиси таъқибҳо шуданд.

Баъди зиндонӣ шудани Навалний ситодҳо ва Бунёди мубориза бо фасоди ӯро дар Русия бастанд. Даҳҳо узви ин бунёд ҳабс шуда, қисми дигар аз Русия фирор карданд. Зидди Навалний чанд парвандаи дигар боз шудааст.

HRW: Ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон дар Узбекистон ба сустӣ пеш меравад

Латукуби як мактабхон дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

"Дар Узбекистон дар соли 2021 ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон ба кундӣ пеш рафт ё умуман пеш нарафтааст, ба хусус дар остонаи интихоботи президентӣ, ки дар он президенти амалкунанда Шавкат Мирзиёев пирӯз шуд", - омадааст дар гузориши нави созмони Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар.

Ба иттилои созмон, раванди марбут ба озодии баён дар Узбекистон ноком шуда, мақомот блогнависони дигарандешро таъқиб мекунанд.

"Ба ташкилоти мустақили ҳомии ҳуқуқ иҷозаи сабт намедиҳанд. Беҷазо мондани касоне, ки шиканҷа истифода мекунанд, ба як падидаи оддӣ табдил шудааст", -- омадааст дар гузориши марбут ба Узбекистон.

Дар ин гузориш ҳамчунин зикр шудааст, ки ҳукумати Узбекистон ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба Радиои Озодӣ идома медиҳад.

Дар Туркманистон дубора маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро ҷорӣ карданд

Ишқобод, Туркманистон.

Дар Туркманистон дубора маҳдудиятҳои марбут ба пешгирӣ аз коронавирусро ҷорӣ карданд. Бозорҳои либосфурӯшӣ, марказҳои тиҷорӣ, тарабхонаҳо ва мағозаҳо, ба истиснои мағозаҳои ғизо, аз рӯзи 15 январ баста шуданд.

"Барои ман ин тасмим ногаҳонӣ буд. Тарабхонаҳо барои баргузории маъракаҳо фармоиш гирифта буданд. Акнун баста шудаанд. Бархе аз огаҳон гуфтанд, ки ин марказҳо то моҳи феврал баста боқӣ мемонанд", - нақл кард як сокини шаҳри Ишқобод.

Бино ба иттилои манобеъ, дар шаҳри Ишқобод театру кинотеатр ва толорҳои консерт ҳам баста шудаанд. Расонаҳо менависанд, ин маҳдудиятҳо дар минтақаҳои дигари Туркманистон низ ҷорӣ шудаанд. Чунин тасмим дар Туркманистон дар охири соли 2020 ва ибтидои соли 2021 гирифта шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон мегӯянд, бемории коронавирус ба ин кишвар роҳ наёфтааст. Аммо сокинон ҳанӯз дар моҳи марти соли 2020 аз гирифтон шудани сокинон ба ин беморӣ хабар дода буданд.

Дар Украина Қонуни баҳсбарангези забони давлатӣ ҳукми иҷро гирифт

Дарси забони украинӣ дар яке аз мактабҳои кишвар

Рӯзи 16-уми январ дар Украина қонуне ҳукми иҷро гирифт, ки бар асоси он бояд тамоми расонаҳои чопӣ бо забони расмии давлатӣ нашр шаванд, ки онро як талоше барои маҳдуд кардани истифодаи забони русӣ дар ҷомеа мешуморанд.

Бар асоси ин қонун, ки соли 2019 қабул шуд, нашри маҷалла ва ё рӯзномае ба забони русӣ манъ нест, вале соҳибонашон вазифадоранд, айни шумораро бо ҳамон теъдод ба забони украинӣ ҳам чоп кунанд. Дар шароити камхаридор шудани рӯзномаву маҷаллаҳо ин гуна кор барои онҳо зараровар мешавад.

Қонун дар бораи забони давлатӣ замоне ҳукми иҷро гирифт, ки таниш байни Украинаву Русия афзоиш меёбад. Санади мазкур дар аҳди Петро Порошенко, раиси ҷумҳури пешин ва соли 2019 қабул шуд. Тарафдорони санад мегӯянд, ки қонун барои тақвияти ҳуввияти миллии украиниҳо зарур аст, вале мухолифонаш мегӯянд, мумкин аст, мардуми русзабони Украинаро аз кишвар дилсард кунад.

Теннисбози рақами 1 ҷаҳонро аз Австралия ронданд

Новак Дҷокович дар фурудгоҳи Мелбурни Австралия

Новак Дҷокович, теннисбози рақами як дар ҷаҳон аз Австралия ихроҷ шуд. Ӯ рӯзи 16-уми январ ба ҳавопаймо нишаст ва як рӯз қабл аз ширкат дар мусобиқаи бози теннис дар Австралия.

Додгоҳи Олии ин кишвар рӯзе пештар ҳукми ихроҷи Новак Дҷоковичро, ки ваксинаи зидди коронавирусро нагирифтааст, бетағйир гузошт ва амр дод, ки ӯ аз Австралия хориҷ карда шавад.

Алекс Ҳоук, вазири муҳоҷират эълон кард, ки бо назардошти манфиати ҷомеа ва ваксина надоштани Новак Дҷокович, раводиди ӯ ба Австралияро беэътибор шуд. Теннисбози машҳур гуфт, ки аз қарори додгоҳ “фавқуллода маъюс” шудааст. Варзишгари 34-сола умедвор буд, ки бо ширкат дар мусобиқа бори чаҳорум низ унвони қаҳрамониашро дар инҷо ҳифз мекунад.

Скотт Моррисон, нахуствазири Австралия аз ҳукми додгоҳ истиқбол кард ва гуфт, ки ин қарор “марзҳои моро мустаҳкам ва мардуми Австралияро эмин нигаҳ медорад.”

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, ҳукумати Австралияро танқид кард, ба гуфтаи ӯ “беҳтарин теннисбози ҷаҳонро озор додаву бо ӯ бадрафторӣ кардаанд.” Новак Дҷокович бо баёнияҳои баҳсбарангезаш дар бораи ваксинаи зидди коронавирус танқиди зиёде шунидааст.

Барфу тарма дигарбора роҳи Душанбе-Чаноқро бастааст

Акс аз рӯзи 3-уми январи имсол аст.

Ширкати муттасаддии нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ эълон кард, ки ҳаракат дар ду қитъаи ин роҳро муваққатан манъ кардааст, зеро дар он ҷойҳо поккории роҳ аз барфу тарма идома дорад.

Дар эълоне, ки ширкати «Инновейтив Роуд Солюшн» дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, омадааст: «Бинобар тармафароии зиёд дар километрҳои 48 то 73- юми роҳи Душанбе - Чанок, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз километри 39 - самти Душанбе - Хуҷанд ва аз километри 81, ҷониби Хуҷанд - Душанбе муваққатан манъ карда шуд.”

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки дар ин гӯшаҳо роҳро аз барфу тарма покиза мекунанд ва маълум нест, ки кай дубора роҳ барои ҳаракат боз мешавад. Яке аз корбарони саҳифаи ширкат пурсидааст, ки бо зану кӯдакон дар километри 100-уми роҳ дармондаанд ва мехоҳанд, бидонанд, ки то кай бояд мунтазир бошанд.

Масъулони ширкат ҷавоб додаанд, ки “тарма бисёр зиёд аст” ва онҳо кӯшиш мекунанд, роҳ зудтар барои ҳаракат боз шавад. Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ шаҳри Душанбе мепайвандад, ягона роҳи толлингӣ ва пулакӣ дар кишвар аст.

Истеъфои “домод”-ҳои Нурсултон Назарбоев

Ғайрат Шарифбоев

Ғайрат Шарифбоев ва Димаш Досанов, ду узви хонаводаи президенти пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, рӯзи 15-уми январ аз раҳбарии ширкатҳои нафту газ истеъфо додаанд.

Назарбоев се даҳсола раёсати ҷумҳури Қазоқистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 2019 аз мансаб истеъфо дод, аммо ҳузури худро дар қударт ҳифз кард.

Раҳбари собиқи 81-сола аз замони сар задани тазоҳурот ва беназмиҳо дар Қазоқистон дар назди мардум ҳозир нашудааст. Дар куҷо ва дар чӣ вазъ будани ӯ маълум нест.

Ғайрат Шарифбоев ва Димаш Досанов аз мақоми роҳбари ширкати KazTransOil ва QazaqGaz истеъфо додаанд.

Писараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки Шарифбоев бо Дариға Назарбоева, духтари калонии раисҷумҳури пешин, издивоҷ кардааст. На Шарифбоев ва на Дариға Назарбоева дар бораи робитаашон изҳори назар накардаанд.

Досанов шавҳари Алия Назарбоева, духтари хурдии Назарбоев аст. Сабаби истеъфои онҳо гуфта нашудааст.

ADC Memorial аз Созмони Милал хост, ба қазияи Бадахшон расидагӣ кунад

Тазоҳурот дар Хоруғ, моҳи ноябри 2021

Як созмони ҳомии ҳуқуқ аз ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки ба вазъи сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳ кунанд. Ин вилоят моҳи ноябри соли 2021 шоҳиди эътирози чаҳоррӯза буд. Мақомот мегӯянд, тафтиши ҳодиса идома дорад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз таҳқиқи, ба гуфтаашон, "якҷониба" нигаронанд.

Anti-Discrimination Centre Memorial (Маркази зидди табъизи "Мемориал"), қароргоҳаш дар Брюссел, 14-уми январ дар баёнияе гуфт, "ақаллияти қавмӣ ва мазҳабии помириҳо" пас аз эътирози моҳи ноябр даврони душвореро паси сар мекунанд. Созмон набудани Интернету алоқаи мобилӣ ва ҳузури афзояндаи низомиёнро дар минтақа номбар кардааст.

"Мақомоти Тоҷикистон бояд ҳарчи зуд алоқаи мобилиро барқарор карда, дар тамоми минтақаҳои Бадахшон дастрасии босифати Интернетро таъмин кунанд. Бояд миёни мақомот ва мардум гуфтушунид шуда, тафтишоти шаффоф ва саривақтии мавридҳои марги одамон дар ҷараёни амалиёти низомӣ ва эътирозҳо таъмин карда шавад," -- омадааст дар баёнияи созмон.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба изҳороти Anti-Discrimination Centre Memorial (Маркази зидди табъизи "Мемориал") вокуниш накардаанд.

Тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам карда, амалиёти боздошташро қонунӣ шумурданд.

Anti-Discrimination Centre Memorial (Маркази зидди табъизи "Мемориал") гуфтааст, сокинон моҳи ноябр ба зидди "амалҳои худсаронаи мақомоти қудратӣ" тазоҳурот карданд:

"Чунин ба назар мерасад, ки истифодаи аз ҳад зиёди чораҳо хатари муноқишаро ба вуҷуд оварда, дар сурати манипулятсия, ба даргирии байниқавмӣ оварда хоҳад расонд. Вазъияти ВМКБ вокуниши ниҳодҳои байнулмилалиро талаб мекунад. Мақомоти Тоҷикистон бояд ба вазъи иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз саркӯб, табъиз ва поймол кардани қонун худдорӣ варзанд."

Созмон мегӯяд, ҳодисаҳои охири Қазоқистон, ки боиси хушунат ва вуруди нерӯҳои СПАД гардид, ин эҳтимолро бештар мекунад.

Амрико: Русия барои ҳамла ба Украина баҳона меҷӯяд

Украина

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, Русия бо нашри маълумоти нодуруст дар шабакаҳои иҷтимоӣ саргарми омодагӣ барои ҳамла ба Украина аст. Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, маълумоти истихборотии Амрико инро нишон медиҳанд.

Ҳамзамон Ҷон Кирби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико, ба хабарнигорон гуфт:

"Маълумоти дақиқ дорем, ки нишон медиҳанд, Русия пеш аз вақт ба ҳадафи ишғоли эҳтимолии Украина бар сари эҷоди баҳонае амалан кор мекунад. Ёфтаҳои мо нишон медиҳанд, онҳо гуруҳеро ҷобаҷо кардаанд, то корро оғоз кунанд. Мо инро амалиёти парчами дурӯғин мехонем. Онҳо ба василаи ин амалиёт мехоҳанд, нишон диҳанд, ки мардуми русизабони Украина мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Ин як баҳонаи хеле хандаовар аст."

Вай ҳамчунон афзуд, Амрико ин маълумоти истихборотиро бо муттаҳидони худ ҳам шарик сохтааст. Дар ин маълумот ҳамла бар Украина аз нимаи моҳи январ то нимаи моҳи феврали имсол пешбинӣ шудааст.

Дар ин ҳол, Украина ҳам гуфта, ки таблиғоти нодурусти Русияро назорат мекунад.

Тибқи баъзе гузоришҳо, Русия ба тозагӣ қариб сад ҳазор сарбозро дар наздикии марз бо Украина ҷойгир кардааст.

Бародарзодаи Назарбоев курсияшро дар Кумитаи амнияти Қазоқистон ҳифз кард

Самат Абиш

Самат Абиш, бародарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, дар мансаби муовини раиси Кумитаи амнияти миллии он кишвар монд. Дар ин бора ниҳоди мазкур 14-уми январ хабар дод.

Пештар аз ин, расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки Абиш дар шаҳри Алмаато дастгир шудааст.

Овозаҳо дар мавриди боздошти Самат Абиш баъди хабари боздошти Карим Масимов, раиси ҳамакнун пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, расонаӣ шуданд. Масимов ва чанде аз ҳамроҳонаш ба хиёнат ба давлат гумонбаранд.

Боздошти онҳо пас аз эътирозу беназмиҳо дар Қазоқистон сурат гирифт. Ин эътирозҳо бо нигаронӣ аз афзоиши нархи гази моеъ дар Жанаозен шуруъ шуда, баъдан дар Алмаато ба хушунат печид. Ҳукумати Қазоқистон барои саркӯби эътирозгарон, ки аз онҳо “террористони байнулмилалӣ” ном бурд, аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мадад хост.

Мақомоти Қазоқистон дар бораи кушта шудани 18 низомӣ ва захмӣ шудани садҳо нафари дигар гузориш доданд. Як саҳифаи расмӣ дар Телеграм шумори эътирозгарони кушташударо 164 нафар навишт, вале дертар Вазорати тандурустӣ онро “хатои фаннӣ” номид.

Муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Чехия афзудааст

Муҳоҷирон дар марзи Маҷористон ва Сербистон. Акс аз бойгонӣ

Пулиси Ҷумҳурии Чех (Чехия) гуфтааст, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ин кишвар дар соли 2021 ба таври чашмрас афзоиш ёфт.

Бино ба оморе, ки рӯзи 14-уми январ нашр шуд, зиёда аз ёздаҳ ҳазор кас ба хотири вуруд ё мондани ғайриқонунӣ дар ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дастгир шудаанд.

Шумори боздоштшудаҳо ба иттиҳоми ба ин монанд дар соли 2020 ҳудуди чаҳор ҳазор нафар будааст.

Бар асоси омор, беш аз 53 дарсади боздоштшудаҳоро украиниҳо ташкил медиҳанд. Шаҳрвандони Молдова дар ҷойи дувум ҳастанд.

Гуфта шудааст, ки пулис беш аз 1300 касро, ки аксарашон қасд доштанд, ба Олмон бираванд, низ боздошт кард. Ин афрод асосан аз Афғонистон ва Сурия омадаанд.

Вебсайтҳои идораҳои ҳукуматии Украина мавриди ҳамлаи рахнагарон қарор гирифтанд

Шаҳри Киев

Дар ҳоле, ки таниш дар равобити Ғарбу Русия аз мустақар шудани нирӯҳои русӣ дар марз бо Украина боло мегирад, мақомоти Киев гуфтанд, чанд вебсайти ҳукуматӣ мавриди ҳамлаи ҳадафмандона қарор гирифтаанд. Аввал шуда дар бораи рахна шудани вебсайташ вазорати маорифи Украина дар Фейсбук хабар дод. Киев чанде баъд гуфт, ки ҳамлаи рахнагарон мазмуни вебсайтҳои ҳукуматиро тағйир надодааст ва ҳеҷ иттилои хусусӣ берун нарафтааст. Вазорат гуфт, ки шаби 13 ба 14-уми январи соли 2022 дар паи ҳамла ба вебсайти вазорати маорифу илми Украина он муваққатан аз кор монд. Ҳамлаи рахнагаронро Жозеп Боррел, дипломати калони Иттиҳоди Аврупо маҳкум кард ва аз кумитаи амнияти ин ниҳоди аврупоӣ хост, ки ба Киев дар расидагӣ ба ҳалли ин мушкил кӯмак кунад. Баъдан ҳукумати Украина гуфт, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаву масдудшавии вебсайтҳои дигар, ки дорои маълумот ва захираҳои ғании иттилоотӣ мебошанд, муваққатан чандин вебсайти идораҳои давлатиро мебандад.

Ҳангоми ҳамлаи рахнагарон дар вебсайти вазорати корҳои хориҷаи Украина паёме дида шуд, ки ба забонҳои украинӣ, русӣ ва полякӣ мегӯяд: “Битарсед ва ба ҳолати аз ин бадтар омода шавед”. Боррел, ки дар Фаронса бо журналистон сӯҳбат мекард, гуфт, феълан гуфтани ин ки чӣ касе масъули ин ҳамла аст, пеш аз вақт мебошад. “Ман далел надорам, вале ҳамаи мо дар ин замина андешаҳое дорем”, гуфт ӯ. Ҳанӯз ҳеҷ нафаре масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале дар гузашта рахнагарони руси вобаста ба Маскав дар ташкили ҳамлаҳои рахнагарӣ ба вебсайтҳои ҳукумати Украина муттаҳам шудаанд. Ғарб Русияро дар он муттаҳам кард, ки 100 ҳазор сарбозу танку тӯпхонаро дар хати сарҳад бо Украина мустақар карда, ба қавли НАТО, барои ҳамла ба Украина омода мешавад. Маскав гуфт, ки ҳеҷ нияти ҳамла ба Украинаро надорад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG