Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Токио лағв мешавад, агар коронавирус то соли 2021 шикаст нахӯрад


Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки барои як сол ба таъхир гузошта шудаанд, дар сурати тобистони соли 2021 бар пандемияи коронавирус ғолиб нашудан, лозим меояд лағв шавад. Дар ин бора Йоширо Мори, раиси кумитаи тадорукоти Токио-2020 рӯзи 28-уми апрел дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи Nikkansports ибрози назар кардааст.

"Не, дар чунин ҳолат онҳо бекор карда мешаванд", - гуфт Мори дар посух ба саволи рӯзноманигори нашрия дар бораи он ки агар вазъи вазнин бо коронавирус мисли пешин боқӣ монад, пас Олимпиадаро боз як соли дигар ба таъхир гузоштан мумкин аст?

"Агар дар гузашта мушкилот ба мисли ҷангҳо ба миён меомаданд, бозиҳо лағв мешуданд. Ҳоло мо бо душмани ноаён мубориза мебарем",-илова кард раиси кумитаи тадорукоти “Токио-2020”.

Ба гуфтаи ӯ, агар гузаронидани Олимпиада дар соли 2021 баъди онки инсоният коронавирусро мағлуб кунад, муяссар шавад, пас чунин мусобиқаҳо боз ҳам арзишманд хоҳанд шуд.

Созишнома дар бораи ба таъхир андохтани Бозиҳо ба соли оянда ба иллати коронавирус ҳангоми гуфтугӯи телефонии раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) Томас Бах, сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ва раиси кумитаи тадорукоти “Токио-2020” Ёширо Мори рӯзи 24-уми март ба даст омада буд. Ҷонибҳо дарк намуданд, ки дар муддати боқимонда то оғози Олимпиада варзиши ҷаҳонӣ аз такони вобаста ба паҳншавии коронавирус дур шуда наметавонад. Дар ин ҳолат, номи "Токио-2020" боқӣ хоҳад монд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба муддати тӯлонӣ розӣ намешуд, ки Бозиҳои олимпиро ба таъхир андозад, ташкилот намехост зарари бузурги молӣ бинад. Ҷопон аз ҳама бештар хисорот дидааст - кишвар аллакай барои омодагӣ беш аз 12 миллиард доллар сарф кардааст. Ба назари коршиносон, интиқоли Бозиҳо метавонад ба таблиғгарон беш аз 1 миллиард доллар зарар оварад. Зараре, ки кумитаҳои миллии олимпӣ ва худи иштироккунандагон дидаанд, ҳанӯз ҳисоб карда мешавад.

XS
SM
MD
LG