Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷикро пеш аз муҳлат ба таътил мефиристанд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон масъалаи ба таътил фиристодани донишҷӯёни донишгоҳҳоро баррасӣ дорад.

Эҳсони Хушвахт, сухангӯи вазорат, 28-уми апрел дар паёми хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "замони таътили донишҷӯён дар ду рӯзи оянда мушаххас карда хоҳад шуд", вале дар ин замина феълан ҳеч қарор содир нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон аллакай ҷадвали имтиҳонҳои пеш аз муҳлатро омода кардаанд, ки бар асоси он имтиҳонҳо 1-уми май шуруъ шуда, то 10-15-уми май идома хоҳанд кард. Баъзе аз ин ҷадвали имтиҳонҳо дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.

Як рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз донишҷӯён гуфтанд, аз онҳо хоста шудааст, имтиҳонҳои худро пеш аз муҳлат ва то 10-уми май супоранд.

Дар гузашта имтиҳонҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон охири моҳи май оғоз шуда, то охири моҳи июн идома мекард.

Бархе аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел гуфтанд, декани факултаҳо аз эҳтимоли таътил дар ҳафтаи оянда онҳоро хабардор кардаанд.

"Рӯзи сешанбе дар ҷаласа декан эълон кард, ки вазъият хуб нест ва донишҷӯён аз ҳафтаи дигар ба таътил фиристода мешаванд", - гуфт яке аз устодони Донишгоҳи миллӣ ба шарти фош нашудани номаш.

Ба қавли мусоҳиби мо зоҳиран имтиҳонҳо монеи таътили ҳарчи зуди донишҷӯён шудааст.

Дар Раёсати Донишгоҳи миллӣ гуфтанд, масъалаи супурдани имтиҳонҳоро пеш ё баъди таътил баррасӣ кардаанд. Бархе пешниҳод намудаанд, ки бо назардошти ширкати донишҷӯён дар дарсҳо ва холҳое, ки дар имтиҳоноти пешин ба даст овардаанд, баҳои донишҷӯён гузошта шавад, то онҳо ба хонаҳои худ раванд.

Сухангӯи Вазорати маориф гуфт, аз ин пешниҳодҳо огоҳанд ва то ду рӯзи оянда масъалаи таътили донишҷӯён ниҳоӣ карда мешавад.

Мақомот пештар хонандагони мактабҳоро ба таътили дуҳафтаина фиристода, бахше аз чораҳои пешгирӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус номида буданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ин дам дар кишвар ягон кас ба коронавирус сироят нашудааст. Аммо бо ҳадафи пешгирӣ аз он баргузории намозҳои дастҷамъӣ дар масҷидҳо, ташкили ифтору идгардак, мусобиқаҳои варзишӣ ва содироти баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла ғаллаву гӯшту картошка манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG