Дар Эрон барои нашри карикатураи ҳаҷвӣ дар бораи раҳбарияти ин кишвар сардабир ва масъули шабакаи иҷтимоии оҷонси нимарасмии ILNA боздошт шуданд.
Тибқи гузоришҳо, карикатураи мазҳакавӣ баъди нашраш дар шабакаи Телеграми оҷонсӣ базудӣ пок карда шуд.
Сардабир Масъуд Ҳайдарӣ бар асоси гарав озод шуд, вале масъули шабакаҳои иҷтимоии оҷонсӣ Ҳомид Ҳақҷӯ дар боздошт мемонад. Маълум нест, оё нисбат ба ин ду нафар иттиҳоме ворид шудааст ё на.
Додситони шаҳри Теҳрон Алӣ Алғосӣ Меҳр рӯзи 27 апрел гуфт, нисбат ба ин ду нафар тафтишот оғоз шудааст. Матбуоти маҳаллӣ дар нақли қавл аз Алғосӣ Меҳр гуфт, “билофосила баъди нашри расми таҳқиромез амр шуд, ки он аз шабака ҳазф шавад."
Оҷонсии ILNA гуфт, ки рабте ба ин карикатура надорад ва шабакаи иҷтимоии оҷонсӣ аз ҷониби рақибонашон бо истифода аз рамзҳои оҷонсӣ сохтакорӣ шудааст. Дар карикатура шеваи муолиҷаи коронавирус дар кишвар масхара шудааст.